Рӯбоҳ ба умеди думбаи қушқор ва ё бузак -бузак намур, ки баҳор меояд
Дар ояндаи наздик ҷумҳурӣ метавонад ба навъи арзонтари сӯзишворӣ гузарад. Кош ҳар чӣ зуддтар ин амали савобро роҳандозӣ мекарданду мушкилоти мардумро ҳал менамуданд. Вале, магар ин имкон дорад? Агар чунин мебуд мардум аз мушкилоташ раҳоӣ меёфт…
Дар ояндаи наздик ҷумҳурӣ метавонад ба навъи арзонтари сузишворӣ гузарад. Дар Тоҷикистон истихроҷи гази табиӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дар пахши телевизиони «Тоҷикистон» мутахассиси Хадамоти зиддимонополияи ҷумҳурӣ Ҳабиб Абдуллозода иттилоъ дод. Вай ба мушкили гаронии нархи безин ва газ дар кишвар ишора кард. Ба гуфтаи Абдуллозода, дар чунин вазъ гази табиӣ алтернативаи хубе мешавад.
Корманди Хадамоти зиддиинҳисорӣ қайд кард, ки захираи зикршуда дар Тоҷикистон омода карда мешавад. «Дар ояндаи наздик дар кишвар ба истеҳсоли гази табиӣ ва бензин шурӯъ хоҳанд кард», — гуфт Абдуллозода.
Ба гуфтаи коршиносон, ин навъи сӯзишворӣ нисбат ба гази моеъ ва бензин арзонтар аст. Таҳлилгар Носир Кенҷаев таъкид кард, ки болоравии қимати ин манобеъ дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад. Аммо Узбекистон бо ёрии гази табий мушкилоташро бомуваффақият ҳал мекунад. Маҳз бо ҳамин сӯзишворй қариб тамоми нақлиёти ҷумҳурӣ бо сӯзишворӣ таъмин карда мешавад.
Вале, ин ҳанӯз як нақша ва пуржаест, ки бояд сари он коркард шавад. Оё истеҳсоли гази табиӣ ба ин қарибиҳо ба роҳ монда мешавад? Ин гумон аст. Зеро то он нуктаҳои гази табииро омодаву истеҳсол менамоянд, ки ҷони мардум ба лаб меояд.
Аммо…
як ҳолати дигареро мебояд ба эътибор гирифт.Тавре, ки як ронандаи байнишаҳрӣ аз шаҳри Турсунзода ба мо хабар дод, аз газтии табиие, ки тавассути Ӯзбекеистон ворид мешавад , як нуктаи фурӯши сӯзишвории шахсӣ бунёд шуда буд,ки дар натиҷа нархи таксиҳои Душанбе Турсунзода 2,5 маротиба арзон шуд. Вале муттассифона муддате нагузашта ин нуктаро барҳам доданд. Андешае вуҷуд дорад, ки он бо дасти конкурент- фурӯшандагони гази моеъ барҳам дода шудааст.
Аз ин рӯ хуб мебуд, ки истеҳсоли гази ттабииро айни замон интизор нашуда , аз газе, ки аз тариқи Ӯзбекистон ворид мешавад дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши газро бунёд карда, мушкили мардумро ҳал намуд. Валекин ҳаргиз онро ба дасти монополистони гази моеъ додан лозим нест. Дар акси ҳол дар ин самт ҳич дигаргуние ба миён намеояд ва мардуми кишвар дар азоб мемонанд ва нархи маҳсулот, ки ба нархи интиқоли мол вобастагӣ дорад, поён намеравад.
Ва ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки чанд сол қабл як гуруҳи кории калоне оид ба дарёфти конҳои нафту газ аз кишвари Русия ба Тоҷикистон омада буданд, онҳо тайи зиёда аз шаш моҳ ҷустуҷӯҳо гузарониданд вале, он ягон натоиҷе ба бор навовард. Аз ин рӯ агар мо ғамхори халқу пайи ҳалли мушкилоти ӯ бошем пас, моро зарур аст, ки чораҳои фаврӣ ва аввалиндараҷаро роҳандозӣ намоем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ