Рӯзҳои охир дар Тоҷикистон се нафар ғарқ шудаанд. Яке 11-сола будааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз се ҳодисаи ғарқшавӣ хабар дод, ки як нафари ғарқшудаҳо наврас будааст.

Чунончи, 20-уми августи соли 2023 соати14:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми гузаштан аз канали “ВД-з” як сокини 19-солаи деҳаи Рахшонзамини ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро сокинони маҳаллӣ пайдо карда, ба волидонаш супурдаанд.

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави шаҳри Ваҳдат рух додааст. 20-уми августи соли 2023 соати 18:30 дақиқа як сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод — 3, ҷамоати деҳои Гулистон ҳангоми оббозӣ дар канали байнидеҳавӣ ғарқ гардидааст. Баъди дарёфти хабар кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд. Корҳои ҷустуҷӯи ҷасад то соати 23:50 дақиқа бенатиҷа идома ёфтааст. Субҳи 21-уми август талошҳо барои пайдо кардани ҷасади ғарқшуда аз сар гирифта шудаанд.

Ҳодисаи сеюм дар шимоли кишвар рух додааст. 19-уми августи соли 2023 соати 14:00 як сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷаи Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент ҳангоми оббозӣ дар Ҳафткӯл, воқеъ дар рустои Рашнаи Поёни ҷамоати деҳоти деҳаи Шинг аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст. 20-уми августи соли 2023 ғаввосони Раёсати махсусгардондашудаи хадамоти ҷустуҷӯву наҷоти Кумита барои пайдо кардани ҷасади ғарқшуда равона карда шудаанд. Корҳои ҷустуҷӯи ғарқшуда ҳамоно идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *