Рӯзи Иди Қурбон муайян шуд: 28-уми июн

Имрӯз ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, ки бо иштироки раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва аъзои Шурои уламо баргузор гардид, асосан масъалаи муайян намудани рӯзи баргузории Иди Қурбон ва вақти намози ид матраҳ шуд.

Ҳамин тавр, Шурои уламо қарор қабул намуд, ки тибқи ҳисобҳои илмӣ Иди Қурбон рӯзи 28-уми июн таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6:00 баргузор мегардад.

Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *