Рӯзи ёдбуд дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Дирӯз, 13-уми июл бахшида ба 30-юмин солгарди набард дар дидбонгоҳи 12-уми марзбонӣ ёдбуд баргузор гашт.
Дар он собиқадорон, кормандони неруҳои марзбонӣ, кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва Русия ширкат варзиданд.
Меҳмони фахрии гирдиҳамоӣ Қаҳрамони Русия генерал-лейтенант Андрей Мерзликин буд, ки соли 1993 ҳайати шахсиро роҳбарӣ карда, ҳамлаи муҷоҳидинро баргардонида буд.
Ёдовар мешавем, ки 13-уми июли соли 1993 як гурӯҳ муҷоҳидон дар ҳудуди 200-250 нафар талош карда буданд, ки аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд.
Зиёда аз 11 соат 45 сарҳадбони Русия ва 3 низомии дивизияи 201-ум, ки ба дидбонгоҳи 12-уми сарҳадӣ фиристода шуда буданд, ба муҷоҳидин муқобилият нишон дода буданд.
Дар ин набард 25 нафар аз ҷониби Русия кушта шуданд. Шаш нафар ба унвони Қаҳрамони Федератсияи Русия, аз ҷумла чаҳор нафар пас аз марг сарфароз гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ