Рӯйхати сиёҳи Бонки миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як рӯйхат, ки дар он номи 19 созмоне, ки террористӣ ё ифротӣ шинохта шудаанд, ва беш аз 200 нафари алоҳида, шаҳрвандон ва корхонаҳову ширкатҳоро ҳушдор додааст, ки бо онҳо ҳамкории молиявӣ ба роҳ намонанд.

Ин рӯйхатро Бонки миллӣ дар бори аввал  дар сомонаи расмиаш  нашр кард.

РӮЙХАТИ СОЗМОНҲО

Созмонҳое ки террористӣ шинохта шудаанд:

1.Ихвонулмуслимин

2.Ҷамоати исломӣ

3.Ҷунбиши Толибон

4.Ҳизби исломии Туркистон

5.Лашкаи Тайиба

6.Таблиғи Ҷамоат

7.Давлати исломӣ (ДИИШ)

8.Ҷабҳат-ун-нусра

9.Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Созмонҳое ки дар Тоҷикистон ифротӣ эълон шудаанд:

1.Ҳаракати исломии Узбекистон

2.Ал-Қоида

3.Ҷамъияти Таблиғ

4.Созмони Таблиғ

5.Тоҷикистони озод

6.Ҷамоати Ансоруллоҳ

7.Гурӯҳи 24

8.Давлати исломӣ (ДИИШ)

9.Ҷабҳат-ун-нусра

10.Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Шахсони алоҳидае, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳар навъ муомила бо онҳо ҳушдор додааст, дар ду рӯйхати алоҳида оварда шудаанд.

Рӯйхати аввал исми 157 нафарро дар бар мегирад, ки мақомоти Тоҷикистон тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд. Дар ин рӯйхат нафақат афроде, ки бо иттиҳоми терроризм ҷустуҷӯ мешаванд, балки афроди муттаҳам ба дуздии пул, қаллобӣ ва даллагӣ низ ҳастанд. Аз афроди шинохта дар ин рӯйхат яке Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ва якеи дигарЯраш Қурбонов, аз тарафдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев мебошад.

Яраш Қурбонов дар Узбекистон алакай маҳкум ба зиндон шудааст ва Абдурасул Мирзоев низ 10 сол пеш аз Имороти Араб ба Душанбе истирдод шудаву ба 30 соли зиндон маҳкум шудааст.

ШАХСОНЕ, КИ ДАР ҶУСТУҶӮИ ИНТЕРПОЛ ҚАРОР ДОРАНД:

Рӯйхати дуюм иборат аз исми 48 шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки узви созмонҳои террористӣ шинохта шудаанд. Ин рӯйхат бо исми Қамариддин Аҳроров, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Вахш ва муовини собиқи «Ҷамъияти Ансоруллоҳ”, ки ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст, оғоз мешавад. Дар маҷмӯъ аз ин рӯйъат 16 нафараш алакай маҳкум ба зиндон шуда, як нафар дар Туркия ва якеи дигар дар Маскав паноҳ бурдаанд ва бақия дар Покистон қарор доштаанд.

Амриддин Табаров, раҳбари «Ҷамъияти Ансоруллоҳ” низ дар ин рӯйхат дар байни нафаронест, ки дар Покистон паноҳ бурдаанд. Вале ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон соли гузашта гуфта буданд, ки Амриддин Табаров дар соли 2015 дар Афғонистон кушта шудааст.

РӮЙХАТИ ТЕРРОРИСТҲО

Нашри чунин рӯйхатҳои сиёҳ як бахши барномаи мубориза бо шустушӯи пул ва таъмини терроризм мебошад, ки Тоҷикистон бояд ҳамчун узви FATF – як ниҳоди байналмилалии масъули мубориза бо шустушӯи пул ва таъмини гурӯҳҳои террористӣ чунин рӯйхатҳоро таҳия кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *