Раҳматулло Зоиров ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ короновирус шуданд

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз короновирус сироят ёфтааст. Дар ин бара худи сиёсатмадор дар саҳифаи Фейсбук хабар дод ва аз дӯстонаш талаби дуо кард. Ба гуфти Зоиров ӯ рӯзи 8-ум аст, ки мубталои короновирус шудааст.

“Уже 8 дней болею коронавирусом. Пожелайте здоровья. Друзей прошу домой не приходить!”-навиштааст, чанд лаҳза қабл Зоиров дар саҳифаи Фейсбук.

Раҳматилло Зоиров раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро соли 1998 замоне сабти ном кард, ки ӯ мушовири ҳуқуқии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Вай баъди сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва аз он замон то кунун роҳбарии ин ҳизби сиёсиро ба уҳда дорад.
Ҳизби Зоиров то имрӯз борҳо вориди корзори интихоботи президентӣ ва парлумонӣ шуда, комёб нашуд.

Зимнан, имрӯз шахсони воломақоми Тоҷикистон низ гирифтори коронавирус шуда истодаанд. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мебошад, ки ба бемории коронавирус сироят ёфтааст. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ рӯзи дуюм аст, ки дар бемористони сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт бистарист. Аз рӯи маълумоти дарёфтӣ, ҳоло кам нестанд мансабдорони тоҷик, ки гирифтори ин беморӣ нашуда бошанд. Бархеашон ин бемории сироятиро пинҳон карда, намехоҳанд ошкор созанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *