Раҷаббой Аҳмадзода ҷангалпарваронро қадрдонӣ кард

Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ Рӯзи кормандони ҷангал бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода ва кормандону собиқадорони хоҷагии ҷангали вилоят таҷлил гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, оид ба дастоварду масъалаҳои мавҷудаи хоҷагии ҷангал ибрози андеша намуда, кормандони ин соҳаро қадрдонӣ кард.

Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки алҳол дар хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 300 нафар корманд фаъолият дорад ва барои ба таври зарурӣ ҳифзу нигоҳбонӣ ва афзун намудани боигариҳои ҷангал ҷаҳд карда истодаанд.

Ҳамасола, мувофиқи нақша аз 300 то 400 гектар ҷангалҳои нав бунёд ва барқарор карда мешавад, ки аз ин миқдор зиёда аз 50 гектарашро дарахтони мевадиҳандаи чормағз, себ, олуча ва хуч ташкил медиҳанд.

Ҷангалпарварони вилоят баҳри ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ фаъолият бурда, соли 2020 дар масоҳати бештар аз 100 гектар ҷангал бунёд ва беш аз 248 гектар ҷангалро барқарор намуданд.

Бино ба Олимбек Юлдошзода, директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, соли равон дар зиёда аз 250 гектар заминҳои ба кишт мувофиқи хоҷагиҳои ҷангали вилоят якҷо бо иҷоракорон кишти картошка гузаронида шудааст, ки таҷрибаи нав дар соҳа ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, аз ҳисоби боғҳои мавҷудаи хоҷагии ҷангал соли ҷорӣ 100 тонна зардолуи тару тоза ба даст оварда шуда, дар назар аст, ки то охири сол боз зиёда аз 270 тонна анор ҷамъоварӣ карда шавад. “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳарчанд дар ин самт муваффақиятҳо зиёданд, вале ҳанўз ҳам ҳолатҳои қонуншиканӣ ба мушоҳида мерасанд. Чунончи, дар ҳашт моҳи соли 2020 аз тарафи нозирони давлатии ҳифзи ҷангал 342 ҳодисаи вайронкунии тартиботи соҳаи ҷангал ошкор карда шуд, ки зарари он ба хоҷагии ҷангал ба маблаги 219 ҳазор сомонӣ баробар аст. Қонуншиканӣ асосан дар самти бурриши худсаронаи дарахтон бештар ба қайд гирифта шудааст, ки барои пешгирӣ ва ошкор кардани ин қонунвайронкуниҳо кормандони хоҷагии ҷангали вилоят ҳамарўза кушишу ғайрат намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда истодаанд. Бо мақсади муҳайё намудани шароит барои сайёҳии экологӣ соли равон ба минтақаи Шаҳристон 23 сар оҳуи навъи муфлони аврупоӣ оварда шуд”-гуфт . Олимбек Юлдошзода.

Андар Раҳмонӣ,

корманди Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *