Раҷабгул Қосимова: Дар саҳна ҷон медиҳам, агар…
Саҳна, санъат, ҷавонон ва муносибати вазорати фарҳанг ба театру ҳунармандон дар сӯҳбат бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Ҷодаи душвор, вале пурифтихор
Духтараки 15 — солаи атласпӯш ва қоматбаланди зебо, ки дар сар тоқии гулдӯзӣ дошту кокулони майдабофаш то зону мерасид, хиромида- хиромида, ҷониби бинои Театри шаҳри Панҷакент қадам мезад. Дар даромадгоҳи театр чун рамзи эътирози занони озод ва эътилофи бонувони ҳунарпеша акси Нурхон – ҳунарпешаи ҷавоне, ки бародараш ба хотири роҳи санъатро интихоб кардан сарашро мебуррад, овезон буд. Духтарак ба он акс як маротиба назар карду дилаш таҳ зад… Зеро ӯ ҳам бе ризогии волидон гурехта, ба театр омада буд. Падараш бо ӯ бегап шуд ва ҳар лаҳза метавонист, тақдири ӯ монанди Нурхон шавад… Пас аз лаҳзае сукут духтарак худро бепарво вонамуд карда, дохили бино даромад… Ин қадами нахустини ӯ буд ба театр… Ӯро дар пеш ҷодаи душвор, вале пурифтихори саҳна интизор буд…
-Агар он рӯз, он духтарак ба театр ворид намешуду қафо мегашт, зиндагии ӯ чӣ гуна сурат мегирифт?
-Намедонам. Шояд шумо имрӯз дар рӯ ба рӯйи Раҷабгул Қосимова наменишастед… Аммо дигар хел ҳам буда наметавонист. Ман бояд аз он дар медаромадам, зеро ин тақдири ман буд. Тақдир буд, ки ман 5 сол, бе ягон маълумоти театрӣ дар саҳнаи Театри халқии шаҳри Панҷакент фаъолият кардам. Тақдир буд, ки ин қадар ҳунарпешаҳои театрҳои пойтахт истода, маҳз маро барои таҳсил ба Маскав даъват карданд ва ман дар студияи устодони бузурге чун Борис Бибиков ва Олга Пижова дарс хондам… Тақдир буд, ки ин ҳама сол рӯйи саҳнаам ва нақшофарӣ мекунам. Тақдир аст, ки ба ман тақсими таҷрибаамро бо ҷавонон насиб карду дар Донишкадаи санъат дарс мегӯям ва барои ояндаи санъат шогирдонро тарбия мекунам. Албатта, дар баробари ин заҳмату талош ва хоҳиши дар саҳна будан…
— Ҳеҷ дилам намехоҳад аз ҳолат ва тақдири он духтарак канор равем. Бубинед, он духтарак зодаи як деҳаи кӯҳистон буд ва табиист, ки тасаввуроте дар бораи театр, саҳна ва санъат надошт. Чӣ боис шуд, ки ба ин роҳ равад?
-Таваккал. Зеро маро ибтидо бо мақсади аграном шудан ба Институти хоҷагии қишлоқ оварда буданд, аммо ба хотири хурд будани синну солам қабул накарданду ман ба Техникуми савдои Панҷакент шомил гардидам ва бояд магазинчӣ мешудам. Аммо аз куҷое кормандони театр маро диданду даъват карданд ва ман ҳам, шояд аз беақлӣ, рафтам.
-Яъне намедонистед, ки ба куҷо меравед ва ҳадаф ҳам надоштед?
-Духтари 16-сола чӣ ҳадаф дошта метавонад? Маро даъват карданд рафтам, рақс кун гуфтанд, кардам, пйесаро дода, бозӣ кун гуфтанд, кардам ва ҳамаи ин қадамҳоро дар ибтидо надониста мезадам.
-Яъне саҳнаро эҳсос намекардед?
-Эҳсос мекардам, аммо дарк не ва шояд ҷозибаи саҳна буд, ки маро мекашид. Медонед, қарсаки тамошобин ба ҳунарманд чӣ медиҳад? Инро ҳатто гуфта намешавад. Агар ба ҳунарманд тамошобин як маротиба самимӣ қарсак занад, ӯ омода аст, ки дар саҳна ҷон диҳад.
Аз Панҷакент ба Маскав-Нақши аввалинатонро ёд доред?
-Бале. Аввалин спектакле, ки чун актриса ман дар он нақш бозидам, «Ҷазои туҳматчиён» буд. Баъдан нақши Гулқурбонро дар «Тошбек ва Гулқурбон»-и Мирсаид Миршакар бозӣ кардам. Дар спектакли «Мужда» ҳамроҳи Мақсуд Икромов нақш меофаридем, дар «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода нақш бозидам. Баъдан соли 1966 Саидсултон Саидмуродов асари худашон – «Зайнаббибӣ»-ро ба Панҷакент бурданду дар он нақши асосиро офаридам. Театри мо бо ин асар ба Душанбе барои азназаргузаронии театрҳои халқӣ омад ва нақши маро дида, чандин пешниҳодҳо шуд: кор дар Театри давлатии академияи драмавии ба номи Лоҳутӣ, унвони Ҳунарпешаи хизматнишондода ва таҳсил дар ГИТИС (Институти театрии шаҳри Маскав ба номи Луначарский). Ман пешниҳоди сеюмро писандидам. Аммо соли якум имконияти рафтан нашуду баъди як сол рафта, якбора аз курси дуюм дохил шудам. Ҳамроҳи ман дар гурӯҳ Гулсара Абдуллоева, Асалбегим Саодатова, Соҳибсултон Алиназарова, Дилбар Умарова, Мавлуда Обидова, Ҳалима Ҷӯрабекова, Гулбегим Зоолшоева, Шодӣ Солеҳов, Ғолиб Исломов, Амонулло Қодиров ва дигарон таҳсил мекарданд. Соли 4-уми таҳсили мо Меҳрубон Назаров ба Маскав барои хабаргирии мо омада, муждаи таъсиси Театри ҷавононро дар Душанбе оварданд. Он кас ба мо гуфтанд, ки ҳамаи шумо дар он театр фаъолият мекунед. Ҳамин тавр таҳсили мо ба охир расиду баъди гирифтани диплом ва роҳхат ба Театри ҷавонон, дар кӯлворамон панҷ намоиш мо ба Душанбе омадем. 27 декабри соли 1971 бо бо намоишномаи «Васса Железнова»-и М.Горкий дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ пардаи Театри ҷавонон ба рӯйи тамошобин кушода шуд. Ман дар он спектакл нақши духтари калонӣ – Наталияро бозӣ мекардам ва ҳамин тавр то имрӯз дар ин театр фаъолият дорам.
Робиаи Балхӣ дар орзӯйи Бекки
-Нақшҳои шумо, албатта, хело зиёд аст. Аммо ҳар як ҳунарпеша қуллаи эҷодиёт дорад. Қуллаи эҷодиёти шумо дар саҳна кадом нақш буд?
-Ин нақши Робиаи Балхӣ аст. Медонед, кай нақш ҳунарпешаро ба қуллаи баланд мебарорад? Вақте ки дили ҳунарпеша ва образ як хел тапад. Ман бо Робиа гӯё яктан шудем ва ба вуҷуд омад ин нақш.
Спектакли «Робиаи Балхӣ». Раҷабгул Қосимова дар нақши Робиа
-Воқеан, мунаққидони театр ҳам Робиаи шуморо нақши барҷастаи театри тоҷик арзёбӣ кардаанд. Баъд аз шумо дигар ин спектакл ба саҳна гузошта нашуд. Чаро?
-Барои он ки актрисае, ки Робиаи Балхиро бозӣ кунад пайдо нашуд. Робиа духтараки ҷавон аст. Вақте синни ман калон шуд, ман ин нақшро дигар бозӣ карда наметавонистам. Тӯли ин ҳама соле, ки дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунам, ҳамеша дар ҷустуҷӯйи нафаре ҳастам, ки ақалан 50 фоиз Робиаро бозӣ карда тавонаду ман ин намоишро бори дигар дар саҳна бубинам, аммо…
-Дар баробари ин кадом нақшро мехостед бозӣ кунед?
-Чанд сол пеш як романе хонда будам бо номи «Ярмарка тщеславия», ки ба қалами нависанда Уилям Теккерей тааллуқ дорад. Дар он асар як қаҳрамон ҳаст бо номи Бекки. Бисёр мехостам, ки Беккиро бозӣ кунам.
-Шумо дар филмҳо кам нақш офаридед. Сабаб чист?
-Театр маро иҷозат намедод, зеро ман актрисаи пешбари театр будам. Баъдан худам он қадар хоҳиш надоштам. Дар синамо ман фақат баъди Истиқлолияти давлатӣ нақш офаридам. Аммо дар телевизион хеле зиёд.
-Боре муқоиса кардаед, ки Раҷабгул Қосимоваи имрӯзаро бо 10, 20 ё 30 сол пеш. Пурсиданиам, ки ҳоло ҳам ба саҳна бо ҳамон эҳсосот ва хоҳиш мебароед?
-Эҳсосам тағйир наёфтааст , аммо дигар қуввати 20-30 сол пешро надорам. Баъзан мешавад, ки ман сахт мехоҳам, аммо қувват камӣ мекунад. Лекин хоҳиши саҳна баромадан, хоҳиши бозӣ карданам кунд нашудааст.
Ҳаёти шахсӣ ва ҳадафи олӣ
— Ёдоварӣ кардани синну солро бонувон хуш надоранд. Аммо 70 соли зиндагӣ ва 45 соли эҷодиёти шумо ин танҳо ба шумо тааллуқ надорад. Ин роҳи тайкардаи санъати тоҷик аст. Бинобар ин пурсиданиам ки дар 70-солагӣ ба чӣ хулоса расидед?
— Ман рости гапро гӯям, то 50 — солагиам чӣ хел зиндагӣ карданамро намедонам, зеро вақти фикр кардан надоштам. Зиндагии ман чунин шуд, ки ҷавондухтари 23 — сола ба марди аз худам 22 сол калон шавҳар кардам, ки ӯ аллакай панҷ фарзанд дошт. Худамон соҳиби 2 фарзанд шудем ва то ҳол зиндагии якҷоя дорем. Хушдоман доштам. Илова бар ин, хешу таборе, ки аз деҳа дар шаҳр таҳсил мекарданду дар хонаи мо меистоданд. Масъулияти нигоҳубину пухтупаз барои ҳамаи аҳли оила ба дӯши ман буд. Боз кор. Ман ҳамеша актрисаи пешбари театр будам. Бинобар ин то 50-солагӣ чӣ гуна зистам, дар замин ё осмон, барои чӣ ва барои кӣ намедонам. Баъд аз он ки бачаҳо калону паррончак шуданд, аллакай ҷавониам гузашта буд ва зиндагии ман то ҳол якмаром идома дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ман ҳадафи олӣ надоштам. Ман ҳамеша, то ҳол ҳадафи олӣ дорам ва барои расидан ба он зиндагӣ мекунам.
-Ин ҳадафи олӣ чист?
-Саҳна…
-Узр, аммо чаро шумо ба марди аз худатон калон хонадор шудед, оё ин ишқ буд?
-Ин ҳам тақдир… Биёед, дар ҳамин бора ҳарф назанем.
-Шумо аз ҳаёти шахсиатон розӣ нестед?
-Чаро? Аммо агар ҳаёти шахсии ман ин тавр сурат намегирифт, эҳтимол дар санъат низ ман ба муваффақиятҳо ноил намешудам, зеро одам наметавонад, ҳам дар санъат ва ҳам дар зиндагӣ муваффақ бошад. Душвор аст.
Ҷавонон аз театр мераванд…
— Шумо солҳост, ки дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанг дарс мегӯед. Миёни шогирдон ҷавонони болаёқат ҳастанд?
— Албатта, дар ҳар як гурӯҳ ҳаст се — чор нафар . Аммо вақте театр меоянд, дар ин шароит, дар ин муҳит кор карда наметавонанд.
-Магар муҳити театр бад аст?
— Пештар, вақте мо нав ба кор омадему иҷоранишин будем, ҳатто пули иҷораамонро театр пардохт мекард. Яъне, дар мавриди майда-чӯйда фикр намекардему фақат ба хотири санъат кор мекардем. Ҳозир — чӣ? Ҳунарманди ҷавон имрӯз 700 сомонӣ маош мегирад, аммо иҷорапулӣ камтаринаш 1000 сомонӣ. Вай барои ҳамин саросемавор фарқ надорад, ки оянда чӣ мешавад, тез ба шавҳар баромада, театрро тарк мекунад. Ҳамин тавр, чандин шогирдони хуби ман баромада рафтанд. Марҳабо ном духтаракро аз ноҳияи Шаҳристон интихоб карда овардам. Вақте дар донишкада таҳсил мекард, дар хобгоҳ меистоду стипендия мегирифт. Яъне, ба ҳар ҳол рӯз гузаронида метавонист. Вақте театр омад, 300- 400 сомонӣ маош доданд. Вай роҳгум зад, чӣ кор карданашро намедонист. Бинобар ин, даррав шавҳар карда, боз ба ноҳия баргашт. Ин духтарак хеле хоҳишу завқи дар театр кор кардан ва истеъдоди баланд дошт. Аммо рафт. Ӯ метавонист дар оянда беҳтарин актриса шавад. Духтарҳо шавҳар карда мераванд, аммо ба ҷавонҳо мушкил. Оиладор шудан, хона кардан фарзанд ба воя расонидан, магар бо ин маош мешавад? Не, албатта. Вай партофта меравад.
-Дар миёни ҷавонҳое, ки имрӯз дар театр ҳамроҳи шумо кор мекунанд, ҳунармандони ояндадор ҳастанд?
-Бале, Зарина Бадалова, ки ман аз ӯ умеди калон дорам. Шогун, Далер Мирхондов, Саёҳат Боева, Аҳлиддин Ҳасанов, Ватандор Шеров инҳо ҳама шогирдони худам ҳастанд ва ҳунармандони пухта расидаанд. Фақат режиссёри хуб, асари баланд ва аз ҳама муҳим, шароити мусоид лозим, ки инҳо нақшҳои беҳтаринашонро офаранд.
-Оё мо режиссёри хуб дорем?
-Албатта, дорем, аммо оне ки дар театр инқилоб кунад, нест.
-Дар чанд соли охир беҳтарин намоишномае, ки шумо дидед, кадом буд?
-Спектакли «Шоҳ Лир»-и театри Қазоқистон, дар фестивали «Нигоҳи нав».
Саҳна барояму толор холӣ бошад…
-Театрҳои худамон аз лиҳои маводе, ки ба марум пешниҳод мекунанд, ба талабот ҷавобгӯст?
-Ба дигар театрҳо кор надорам, аммо театри мо хуб аст. Дар театри мо моноспектакл ҳам ҳаст, спектакли камеравиву драмаву комедия ҳам. «Моҷаро дар Киоҷа», «Туҳфа аз муҳоҷират», «Сареву савдое», «Пайроҳаи зиндагӣ, «Рӯзе дарозтар аз қарн», «Ашки хунин», «Гирдбод» ва ғайра тамошобини зиёд доранд.
Спектакли «Сухани вопасин»-и Хусаинов. Гулсара Абдуллоева дар нақши модар ва Раҷабгул Қосимова дар нақши Расиха
-Солҳои охир театрҳо аз набудани тамошобин шиква мекунанд…
-Ёфтед ҳамин гапро. Ман театрҳои дигарро намедонем, аммо дар мавриди театри мо вақте чунин мегӯянд, қаҳрам меояд. Зеро дар зиндагии ман чунин ҳодиса кам шудааст, ки ман саҳна барояму толор холӣ бошад. «Моҷарои пеш аз имтиҳон» -ро намедонам чандсад бор бозӣ кардам. Синну солам ба ҷое расид, ки ман дигар онро бозӣ карда наметавонистам, зӯрам намерасид, аммо ҳоло ҳам таомшобин дорад. «Пайроҳаи зиндагӣ»-ро 7 сол шуд бо аншлаг бозӣ мекунем. Ҳатто фоҷиаи вазнинтарини «Иштибоҳ», ки тамошо карданаш барои ҳунармандон душвор аст, тамошобин дорад. Аммо як чиз, ки муҳит ва замон каме тағйир ёфт. Таваҷҷуҳ кам шуд.
-Таваҷҷуҳи мардум ё масъулин?
-Масъулин. Имрӯз театрҳо будани Вазорати фарҳангро эҳсос ҳам намекунанд. Худи вазорат ҳам ба театрҳо аҳамият намедиҳанд.
Ман оғил пок карда, 70 сола шудам?
-Агар шумо вазири фарҳанг мебудед, корро аз чӣ сар мекардед?
-Ман ҳеҷ гоҳ вазири фарҳанг намешавам. Аммо вазир бояд ин системаро хуб донад. Ман аниқ медонам, ки Ҷаноби Олӣ ҳар як ҳунармандро ном ба ном медонанд. Масалан, агар бо ман рӯ ба рӯ шаванд, апаи Майсарабону( номи яке аз қаҳрамонони ман) гуфта муроҷиат мекунанд. Аммо оё вазири имрӯза ягон спектакли моро тамошо карда бошад? Ман — Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро мешиносад? Худо медонад!
-Шумо мисле, ки ранҷидаед?
-Мебахшед, мо ба 70 даромадем. Табиист, ки оғил пок карда, ба ин син нарасидем. Ҳаётамонро ба саҳнаву санъат бахшидем. 7 ноябр ва 27 март Рӯзи театр мешавад. Мо -собиқадорон интизор мешавем, ки аз вазорати фарҳанг ақаллан номамонро гирифта, табрик мекунанд. Ҳамин чизи оддӣ, ҳатто аз байн рафт. Рӯзи театр ақаллан як намояндаи он вазорат омада, маро табрик намекунад. Дар ҷашни 70 –солагии ман намояндаи ин вазорат ҳатто матни табрикотро қироат карда натавонист. Агар он рӯз дар толор Холмурод Шарипов ва Низом Қосим намешуданд, ман табрикотро аз дасташ кашида гирифта, худам мехондам. Тамоми вазирони собиқи фарҳанг ва муовинони онҳо омада, маро табрик карданд, аммо аз Вазорати фарҳанги имрӯза, вазир — ку майлаш, ҳатто ягон муовинаш наомад. Ман танҳо аз театри худам, аз роҳбари театри худам, аз шахсони ки барои гузаронидани ҷашни ман заҳмат кашиданд, миннатдорам. Инҳо Толиб Бобоев – директор, Шавкат Халилов – саррежиссёр, продюссер Зиё Олимов, режиссёр – Қамариддин Мирзоев, мушовир – Ғолиб Исломов ва Абдурофеъ Рабиев – муаллифи монологҳо ва 4 ҳунарманде, ки бо ман ба саҳна баромаданд. Ва шогирдонам, ки ҳам дар беруни театр ва ҳам дар дохил муҳити идона сохтанд.
-Аммо он рӯз толор пур буд, мардум рост истода, тамошо мекарданд. Ҳатто дар роҳравҳо менишастанд.
-Эҳтироми тамошобин аст, ки ман рӯҳбаланд мешаваму кор мекунам. Дар вилояти Хатлон бо дастгирии раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва муовинашон Мағфират Хидирзода ҷашни ман дар сатҳи олӣ гузашт. Дар ноҳияи Ёвон низ Амирбеки Темур ҷашнамро дар сатҳи олӣ гузарониданд. Дар Кӯлоб се рӯз намоиш нишон додем. Шумо шодиву фараҳи ин мардумро медидед, дар ҳайрат мемондед. Чӣ қадар ҳама ташнаи ҳунар ва санъатанд. Танҳо дар Панҷакент он чӣ интизорӣ доштем, нашуд. Аммо он ҷо ҳам, бо вуҷуде ки толор пур набуду аз ҳукумат таваҷҷуҳе нашуд, саҳна пур аз гулу туҳфа буд.
-Дар бораи шумо маводи зиёди таҳлилӣ — илмӣ, даҳҳо тақриз, мақолаву мусоҳибаҳо нашр шуд. Ба наздикӣ китоби илмие ҳам чоп шуд. Аммо ҳанӯз симои аслии шахсиву саҳнавии шумо кушода нашудааст. Чаро дар бораи шумо чунин як китоби мукаммал чоп намешавад?
-Кӣ китоби табъи дили маро навишта метавонад? Аълохон Афсаҳзод навишта метавонист, ки аз дунё гузашт. Дигарҳо хаёлам наметавонанд, ва ё агар тавонанд, ман намешиносам. Худам эҳтимол баъди ин суханҳои шумо нависам.
-Ба худатон чӣ орзу доред?
-Танҳо саломатӣ…
Одили Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ