Раддия: Марзшиканон Толибон набуданд

Тавре Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қаблан иттилоъ дода буд, соати 02.00-и 21-уми августи соли ҷорӣ, зимни амалиёти муштараки марзбонони тоҷик ва Шӯъбаи КДАМ ҶТ дар минтақаи сарҳадии «Сайёд»-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, убури ғайриқонунии сарҳадии давлатӣ аз ҷониби гурӯхи 9-нафараи қочоқчиёни афғон, ки кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, пешгирӣ гардид.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ҷасади ду қочоқчии афғон ёфт гардида, 1 адад силоҳи оташфишони АКМ-7,62, 6 адад тирдон бо 180 дона тири қутраш 7,62,  1 дона норинҷаки  РГД-5 мусодира карда шуд. Ҷасадҳо расман ба намояндагии мақомоти сарҳадии ҶИА баргардонида шуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мутаассифона, хабари мазкурро баъзе расонаҳо, аз ҷумла “Азия-Плюс”, “Озодагон”, “Авеста”, «Спутник” ва ғайра, ба таври ғалат шарҳ дода, кочоқчиёни безараргардонидашударо ба ҷангиёни гурӯҳи Толибон нисбат додаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо тамоми масъулият изҳор медорад, ки амалиёти мазкур танҳо як ҳодисаи пешгирии кирдори ҷинояткоронаи қочоқчиён буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *