Рафоат Абдусаломова: Бознишастаам, вале бекор нестам…

Бо наттоқи аввалини телевизиони тоҷик Рафоат Абдусаломова дар боғи “Куруши Кабир” вохӯрдам.

Оғози парвоз

Аз Рафоат Абдусаломова нахуст дар мавриди оғози фаъолияташон дар телевизион пурсон шудам. Суоли ман эшонро ба ёди айёми ширини ҷавониҳояшон бурд.

“Вақте дар курси якуми факултети филологияи он вақт Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекардам, чанд нафар аз телевизиони навтаъсис омада, мо — чанд нафар донишҷӯёнро ба озмуни наттоқон даъват карданд. Яке аз онҳо ба ман нигариста, таъкид кард, ки шумо ҳатман биёед”,- мегӯяд Рафоат Абдусаломова.

Ҳамин тавр, Рафоат ҳамроҳи чанд ҳамсабақаш ба озмуни наттоқон меравад. Кастинг дар се давр гузашт. Теъдоди довталабон рӯз аз рӯз кам мешуд. Билохира баъди баргузории даври сеюм хулосаи комиссия баромад: “Рафоат Абдусаломова ба фаъолияти телевизиони тоҷик ҳусни оғоз мебахшад”.

Наттоқи аввалини телевизион имрӯз низ чун 63 сол қабл ҷумлаи «Ассалому алейкум, тамошобинони азиз! Студияи телевизиони Сталинобод барномаи аввалини худро оғоз мекунад”-ро буррову равон ва зебо қироат мекунад.

“3-юми октябри соли 1959 телевизиони тоҷик ба фаъолият оғоз кард. Ҷумлаи аввалро ман гуфтам ва онро бо забони русӣ наттоқи русзабон Валентина Исаева такрор кард. Ин сана дар ёдам абадӣ мондааст. Воқеан, ба фаъолият оғоз кардани телевизион дар Тоҷикистон воқеаи нодири таърихӣ аст, зеро мо телевизиони худамонро ташкил кардем”,- мегӯяд Рафоат Абдусаломова.

— Ба наттоқи аввалини телевизион муносибати мардум чӣ гуна буд?,- мепурсам аз муаллима.

Рафоат Абдусаломова: “Наттоқ бояд сермутолиа бошад”

— Баъд аз эфир маро дар кӯчаҳо медиданд, бо даст нишон медоданд, вале ман ба ин чандон эътибор намедодам. Солҳои аввал бароям хеле мушкил буд, зеро ҳам кор мекардаму ҳам донишҷӯ будам. Илова бар ин, ҳамаи барномаҳои телевизион мустақиман пахш мешуданд ва кори мо душвор буд. Баъдан, вақте соли 1970 техникаи нав ворид шуд, каме кори телевизион ҳам сода шуд,- мегӯяд муаллима Рафоат Абдусаломова.

Клуби “Дугонаҳо”

Суҳбатамон бо Рафоат Абдусаломова тӯлонӣ давом кард. Эшон аз тавлид ва таҳияи барномаҳои хеш — «Дугонаҳо», «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Муҳаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» ва ғайра нақлҳои ҷолиб мекарданду аз заҳматҳояшон барои тавлид ва таҳияи ин барномаҳо сухан мегуфтанд.

Суҳбатамон бештар дар мавриди барномаи машҳури клуби “Дугонаҳо” буд, зеро он дар ҳаёти телевизиони тоҷик инқилоб ба ҳисоб мерафт.

“Аввалҳо сабти барномаи “Дугонаҳо” бароям мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард, зеро дар ҳар барнома коршиноси нав, меҳмони нав ва идеяҳои нав лозим буд. Лекин мо заҳмат кашида, барномаҳои рангин пешниҳод мекардем, то тамошобин қонеъ бошад. Мардум ҳам онро интизорӣ мекашиданд. Дар кӯчаҳо маро дида, фикру мулоҳизаҳояшонро мегуфтанд, зангҳои телефонӣ ва мактубҳо беҳисоб буд. Дар меҳвари ин барнома маърифати оиладорӣ меистод. Он солҳо вақте аз телевизион садои суруди “Дугонаҳо — дугонаҳо” меомад, ҳама сӯйи телевизион мешитофтанд…”,- ба ёд меорад Рафоат Абдусаломова.

Рафоат Абдусаломова дар мактаби таҷрибаҳо аз таҷрибаҳояш гуфт - Pressa.tj

Дунёи шеър

Рафоат Абдусаломова баъди 45 соли фаъолият дар телевизион бознишаста шуд, аммо бекор нанишаст. Ӯ аз таҷрибаи хеш барои навроҳони телевизион китобҳои “Телевизион — ойинаи зиндагӣ”, “Наттоқ — чеҳраи телевизион”, “Телевизион ва психологияи инсон”-ро навишт, ки имрӯз дастурҳои омӯзишии донишҷӯёни журналистшав ҳастанд. Ҳамчунин, дар ин китобҳо таърих ва саҳифаҳои рангини телевизиони тоҷик инъикос шудаанд. Ман ҳам ҳангоми таҳсил дар факултаи журналистика борҳо ба ин китобҳо муроҷиат кардаам.

Вале аз шеър навиштани муаллима огоҳӣ надоштам. Вақте эшон китоби “Парвози дил”-ашонро бароям ҳадя карданд, дар ҳайрат мондам.

“Ман аз даврони донишҷӯйӣ шеъру ҳикоя менавиштам, вале ҷуръат намекардам, ки онҳоро нашр кунам. Солҳои охир чанде аз он шеърҳоро дар саҳифаи “Фейсбук” гузоштам ва мардум хуб қабул карданд. Ҳамин тавр, мусаввади шеърҳоямро ба назди дугонаи айёми донишҷӯиям, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса бурдам. Ӯ шеърҳоямро хонда сарсухан навишт ва ҳамин тавр, китоби “Парвози дил” чоп шуд”,- мегӯяд Рафоат Абдусаломова.

Имрӯз Рафоат Абдусаломова бештар ба эҷоди шеър машғул аст. Кӯшиш мекунад, ки дар шеърҳояш воқеиятҳои замони моро бозгӯ намояд.

“Дар ҷавонӣ навиштаҳоям дар маҷаллаву рӯзномаҳо чоп мешуд, ки бароям илҳом мебахшид. Як замон ҳатто ба тарҷума низ машғул будам, чанд филмҳоро тарҷума кардем. Сабаби шеър гуфтанам мутолиаи зиёд аст. Аз давраи донишҷӯйӣ ҳикоя ва қиссаҳои адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ тарҷума мекардам, насрро хеле дӯст медоштам, манбаи илҳоми эҷоди шеъри ман аз ҳамон давраҳост. Ҳоло бошад, бисёртар шеъру дубайтиҳоямро дар “Фейсбук” мегузорам”,- мегӯяд Рафоат Абдусаломова.

Ёди фарзандону набераҳо

Аз муаллима Рафоат Абдусломова дар анҷоми суҳбат аз фарзандону наберагонашон пурсон шудам.

“Фарзандонам ҳама аллакай паррончак шудаанду дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд. Мехоҳам ҳамеша дар назди фарзандону наберагонам бошам, онҳоро хеле дӯст медорам. Фақат як духтарам бо фарзандонаш дар Душанбе зиндагӣ мекунад, ки зиёдтар бо ӯ ҳастам. Писаронам дар хориҷа, набераҳои дӯстрӯям ҳам. Зиёд мехоҳам, ки онҳо дар наздам бошанд, аммо афсӯс…”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Орзу дорам китоби хотира нависам

Рафоат Абдусаломова аз он хушнуд аст, ки мардум то ҳол ӯро дӯст медоранду ба аёдаташ меоянд. Мегӯяд: “Маро пайваста ба чорабиниҳо даъват мекунанд. Ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки худам низ корбари фаъол ҳастам, муҳаббаташонро нисбати фаъолиятам иброз медоранд. Гоҳо дар кӯчаҳо низ мешиносанд ва ҳамроҳам акс мегиранд. Ба наздикӣ як гуруҳ ҷавонони фаъоли Кумитаи ҷавонон ва варзиши кишвар бо туҳфаҳо ба аёдатам омаданд. Имрӯз ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба суроғам омад. Ин барои ман хушбахтӣ аст ва нерӯ медиҳад, ки зиндагӣ кунам” .

Stream САДОИ ДИЛ 03 by A. S. | Listen online for free on SoundCloud

Рафоат Абдусаломова айни замон ба навиштани китоби хотираҳо аз кори телевизион машғул аст: “Ният дорам, ки хотираҳои 45 соли корам дар телевизионро нависам. Дар он аз рӯзгори дӯстону ҳамкорон ва саҳми онҳое, ки ин муъҷизаро дар Тоҷикистон бунёд карданд, қисса хоҳам кард”.

Мо ба муаллима Рафоат Абдусаломова барор мехоҳем!

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

P.S.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” тасмим гирифт дар соли 2022 пайваста ба дидорбинии ашхоси шинохтаи Тоҷикистон равад, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодаанд. Гӯшаи навтаъсиси “Аёдат” аз рӯзгори шахсиятҳое қисса мекунад, ки замоне гули сари сабад буданд ва ҳоло касе дар ёди онҳо нест. Умедворем, ки рӯзгори ин афрод ва корномаҳояшон барои насли оянда ибратомӯз аст.

Мо барои рангин шудани ин саҳифа ба тавсияҳои шумо — хонандагони азиз ниёз дорем. Киҳоро тавсия медиҳед, ки дар бораашон мавод омода созем? Шояд саволе ҳам ба онҳо дошта бошед? Шояд нишонаи ҷои зисти онҳоро ба мо фиристед?

Интизори хоҳишу дархост ва пешниҳодҳои шумо ҳастем. Тел: 221-00-84 Поч. эл.: [email protected]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *