Раиси БМТ: Теъдоди кортҳои пардохтии бонкӣ ба 7,6 миллион адад расид
Миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ дар Тоҷикистон ба 7,6 миллион адад расид. Ин рақам то 30 июни соли ҷорӣ аст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,7 фоиз бештар аст.
Дар ин бора имрӯз, 7 август зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ҳоло шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 10,4 миллион адад баробар гардида, нисбат ба соли гузашта39 фоиз афзудааст.
Фирдавс Толибзода ба намояндагони ВАО гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон 63 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд.
Аз ин 14 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 25 фонди қарзии худ мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ