Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Эмре Зеки Карагёл мулоқот кард

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зеки Карагёл мулоқоти корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои БМТ, нахуст раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ҷаноби Сафирро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, масъалаҳои протоколи Ҷаласаи ёздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Гуфта мешавад, ки протоколи мазкур таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдории ду кишвар бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро дар бар мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *