Раиси нави Хуҷанд ба зимистон тайёрӣ мебинад

Фирдавс Шарифзода, раиси тозатаъини шаҳри Хуҷанд нахустини рӯзи фаъолияти худро бо азназаргузаронии омодагӣ ба зимистонгузаронии хоҷагии роҳ ва дигар сохторҳои ободонии шаҳр оғоз бахшид.

Тавре Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳр иттилоъ дод, ки субҳи 19-уми ноябр Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд баъди боздиди худ аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд бо масъулин ситоди фаврӣ гузаронида, ҷиҳати вусъатбахшии корҳо дар самтҳои мухталифи сарраёсати ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид шуд, ки аллакай фасли зимистон аз худ дарак медиҳад ва мардум бояд беосеб ба кору манзили худ расанд. Сохторҳои дахлдор бояд тамоми захираҳои маводи лағжишро дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳр вобаста ба фасли зимистон захира намоянд ва дар сурати зарурат ба миён омадан самаранок истифода кунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омодагӣ ба фасли зимистон беш аз 500 тонна маводҳои лағжиш захира ва ҳамарӯза 10 адад техникаҳои гуногун сафарбар карда мешаванд.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд ҷиҳати саривақту бонизом гирифтани партовҳо ва батартибдарории кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ ба масъулини ободонӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *