Раиси Суғд сафири Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаевро, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» ба вилоят рафтааст, ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат тарафҳо омодагии худро барои таҳкими равобити дуҷониба ва муносибатҳои дӯстона изҳор доштаанд.

— Қайд карда шуд, ки чорабинии сатҳи баланде чун Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» имкон медиҳад, то тарафҳо бо имкониятҳои мавҷудаи якдигар шинос гардида, барои роҳандозии лоиҳаҳои нави иқтисодӣ иқдом намоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *