Раиси суди Нурободро барои қонуншиканӣ озод карданд
Президенти Тоҷикистон бо имзои як фармон Мирзозода Ғайбулло Азизуллоро аз мақоми раиси суди ноҳияи Нуробод озод кард.
Дар фармони Эмомалӣ раҳмон, ки 30-юми январ имзо шудааст, далели барканории Мирзозода қонуншиканӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо арзёбӣ гардидааст: “Мирзозода Ғайбулло Азизулло бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод озод карда шавад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ