Раисро дар Мастчоҳ корд заданд
Рустам Тӯйчиев, раиси Идораи фурӯши барқи ноҳияи Мастчоҳ аз сӯи як корманди собиқаш захмӣ шудааст. Ҳодиса ин тавр рух медиҳад,ки Тӯйчиев дар пайи шикояти сокинон як нозири барқро аз кор озод мекунад.
Ин нозири барқ баъди озод шудан аз кор ба ҳуҷраи кории Рустам Тӯйчиев омада, бо ӯ баҳс мекунад ва бо корд як маротиба ба қафаси синааш мезанад. Раиси Идораи барқро фавран ба беморхона интиқол додаанд.
Масъулини Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 27-уми октябр гуфтаанд,ки аҳволи раиси Идораи фурӯши барқ хуб аст ва рӯзҳои наздик аз беморхона ҷавоб медиҳанд. Пизишкон гуфтанд, корд ба қабурғаи Рустам Тӯчиев осеб расондааст. Масъулини Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфтанд, қазияро давоми рӯз шарҳ медиҳанд.
Рустам Тӯйчиев мутахассиси собиқадори Идораи барқ мебошад. Ӯ баъди тақсим шудани «Барқи тоҷик» ба се ширкат, раиси Идораи фурӯши барқ дар ноҳияи Мастчоҳ таъин шуд.
Ҳоло сокинони манотиқи кишвар ба камбуди барқ рубарӯ ҳастанд. Сокинон аз соати 8-и субҳ то 17 ва ҳам шабона барқ надоранд.
Аммо масъулини ширкати «Барқи тоҷик» батакрор мегӯянд, дар кишвар лимит ё маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва сабаби қатъ шудани барқ, корҳои таъмирӣ дар хатҳои баландшиддат мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ