Ракетаҳои баллистикии  Ҷумҳурии халқи- демократии Корея ба ҳаво сар дода мешаванд

      Билохира Ким Чен Ын- роҳбар ё худ подшоҳи кунунии Ҷумҳурии халқӣ- демократии Корея (Кореяи Ҷанубӣ) ба мақсади аслии хеш- сар додани ракетаи  балистикии давлаташ  расид. Имрӯз Кумитаи Бузургони штабҳои  Кореяи Ҷанубӣ бобати сар додани се мушак-ракетаи балистикии Ҷумҳурии халқӣ- демократии Корея аз сӯйи соҳили шарқӣ ба масофаи 500-600 километр хабар доданд.

   Мавриди зикр аст, ки ин парвоз мувафақтарин озмоиши мушаксардиҳӣ аз сӯйи Кореяи Ҷанубӣ мебошад, зеро то ин вақт мушакҳои ҳавоии Кореяи Ҷанубӣ ҳамагӣ масофаи 450 километрро тай мекарданду халос.

   Дар  Сеул бошад, расонаҳои хабарӣ хабар медиҳанд, ки пас аз ин озмоиши муваффақ Пхенян метавонад ба ҳар ҳадафи гирифтааш нисбати Кореяи Шимолӣ ноил гардад. Дар Ҷопон хавфи онро доранд, ки мушаксардиҳии Кореяи Ҷанубӣ  хатари мушкилӣ эҷод кардан ба бехатарии амнияти ҷаҳонӣ буда, дар баробари ин вайрон кардани Қатъномаи Шӯрои амнияти Ҷаҳонӣ мебошад. Дар Токио алакай алайҳи сохтмон ва ба сар додани мушакҳои ҳавоии Кореяи Ҷанубӣ штаби махсус ташкил карда, тасмими ба Пханян фиристодани мактуби шикоятиро доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *