Рамазон имсол 29 рӯз

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз аст ва 30-юми март Иди саиди Фитр таҷлил мегардад. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, ки моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон имсол 30 рӯз буданд. Аз ин хотир, моҳи Рамазон 29 рӯзро дарбар мегирад.