Рамзан Қодиров аз ҳукми Немтсов дар «аҷаб» аст

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ҳукми муттаҳамон дар куштори Борис Немтсовро «аҷиб» номида, афзуд, ҳукм бо вуҷуди далелҳои машкук содир шудааст. Дар ин бора вай дар сомонаи расмии ҳукумати Чеченистон хабар додааст.
Дархости айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ, ки барои яке аз муттаҳамон ҳабси абад хост, боиси шубҳаи Қодиров шудааст. Роҳбари Чеченистон мегӯяд, боре ҳам надидааст, ки дар чунин мавридҳо ҳабси абад эълон карда бошанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Қодиров, куштори чечентаборон, қафқозиҳо дар дигар минтақаҳои Русия аз сӯи «ҳомиёни ҳуқуқ ва расонаҳо, ки худро ҳомии ҳуқуқи одамон медонанд, нодида гирифта мешавад». Ба гуфтаи Қодиров, зидди Чеченистон «ҷанги иттилоотӣ» роҳандозӣ шудааст.

Борис Немтсов, мухолифи рус шаби 27 феврали соли 2015 дар наздикии Кремл кушта шуд. Бо айби куштори Немтсов зодагони Чеченистон Заур Дадаев, Анзор ва Шадид Губашевҳо, Тамерлан Эсукрханов ва Ҳамзат Бахаев маҳкум шуданд. Онҳо аз 11 то 23 зиндонӣ шуданд. Фармоишгар ва ташкилкунандаи кушторро тафтишот собиқ корманди ВКД Чеченистон Руслан Муҳиддинов меномад. Ҷустуҷӯи вай эълон шудааст.

Вакилон ва хонаводаи Немтсов бар инанд, ки куштори мухолифи давлати Русия ифшо нашудааст. Онҳо бовар доранд, ки роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар ин куштор даст дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *