Расулзода: Тамоми пардохтҳои хизматрасонӣ ғайринақдӣ мешавад

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нақша дорад, ки тамоми пардохтҳои хизматрасониро тариқи ғайринақдӣ ба анҷом расонад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини Директори генералии корхонаи мазкур Раҷабалӣ Расулзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, корхона ба нақша гирифтааст, ки пардохти нақдиро тариқи гузаштан ба системаи биллингӣ, ки махзани иттилоотии молиявиро вобаста ба баҳисобгирии муштариён осон мегардонад, амалӣ намояд.

«Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар самти фаъолияти худ гузаштан ба сиситемаи биллингиро муҳим мешуморад, зеро он чун махзани ягонаи иттилоотӣ тамоми муштариёни корхона, аз ҷумла аҳолӣ, ташкилоти тиҷоратӣ ва буҷавиро фаро гирифта, онҳоро ба ҳисоб мегирад ва дар навбати худ ҳисобу китоби дақиқ пешниҳод менамояд. Ҳамзамон гузаштан ба системаи пардохтҳои ғайринақдиро осон менамояд»,- изҳор дошт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *