«Равшан»-и Кӯлоб ҷоизаро аз «Истиқлол» гирифт

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор мавсими 14-уми Суперҷоми футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳам вохӯрданд.

Вохӯрӣ пуршиддат ва бо бартарии тарафҳо ҷараён гирифт ва бо ҳисоби камтарин ба манфиати «Равшан» ба анҷом расид. Ҳамин тавр, дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, барандаи Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2023 шуд. Голи ягона ва пирӯзиоварро ҳамлагари «Равшан» Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-ум ба ҳадаф расонд.

Дарвозабони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб легионери укроинӣ Евгений Гритсенко беҳтарин бозигари бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дониста шуд.

Бозии Суперҷомро 9200 мухлис дар майдон тамошо карданд. Дар чанд рӯзи охир ин дуюмин пирӯзии «Рашан» бар «Истиқлол» аст. Чанде пеш дар доираи вохӯрии даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон шогирдони Тоҳир Муминов бо ҳамин ҳисоб дастпарварони Игор Черевченкоро мағлуб карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *