“Рекет”-ҳои Панҷакент, Муъминободу Конибодом ба даст афтоданд
ВКД гузориш медиҳад, ки бо гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ду марди 26-солаи сокинони Панҷакенту Муъминобод ва як марди 30-солаи сокини Конибодомро бо гумони содир кардани ғоратгарӣ дастгир кардаву ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
Тибқи иттилои ВКД ин се нафар шаби 20 ба 21-уми июн сокини 28-солаи шаҳри Данғараро, ки дар шаҳри Роғун қарор доштааст, бе ягон асос мавриди латукӯб қарор дода, аз дасташ 1 телефони мобилии “Самсунг А 80”-ро, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро ташкил медодааст, ғасб карда, аз ҷойи ҳодиса мегурезанд.
Инчунин, номбурдагон шаби 20 ба 21-уми июн боз ҳам дар кӯчаи Норакиёни шаҳри мазкур бе ягон асос зани 28-солаи сокини шаҳри Бохтарро низ зери латукӯб қарор дода, аз дасташ 1 телефони мобилии “Самсунг А 13”-ро, ки арзишаш якуним ҳазор сомониро ташкил медодааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, ки онҳо пеш ҳам бо ҳамин ҷурм дастгир шуда будаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ