Ӯзбекистон Қуръонро чоп ва бо $3,7 ба фурӯш баровард

Китоби муқаддаси Қуръон бо номи «Мусҳаф ал-Мадина» дар шаҳри Тошканд нашр ва ба фурӯш бароварда шуд. Дар ин бора сомонаи centralasian.org дар такя ба Islam.uz хабар медиҳад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шуд, ки навбатпоии одамонро барои харидани Қуръон нишон медиҳад.

Қуръонро дар Ӯзбекистон нашриёти «Ҳилол» чоп кард, ки ин нашриёт ба қозии пешини Ӯзбекистон, марҳум Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф тааллуқ дорад.

Арзиши як адад Қуръони дар Ӯзбекистон чопшуда, 35 ҳазор сӯм, муодили $3,7 аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *