Ҳукумати Ӯзбекистон Абдулқодирзодаро ба Самарқанд даъват кард

Саидмукаррам Абдулқодирзода,  раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба  Ӯзбекистон меравад.

Саидмукаррам Абдулқодирзодаро дар ин сафар як гуруҳ намояндагони дини кишвар, аз ҷумла Абдураҳмон Мавлонов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон дар суҳбат бо Pressa.tj ин хабарро тасдиқ кард.

Гуфта мешавад, ки сафари намояндагони аҳли дини Тоҷикистон бо даъвати Ҳукумати Ӯзбекистон сурат мегирад. Саидукаррам Абдулқодирзода ва ҳамроҳони ӯ   дар  ҳамоиши байналмилалии “Вижагиҳои мероси Имом Бухорӣ ва аҳамияти рӯшангарии имрӯзии он”, ки 15-уми март дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, ширкат менамоянд.

Ҳамзамон, дар назар аст, ки дар конфронс руҳониёни Тоҷикистону Ӯзбекистон намояндагони Афғонистон ҳам иштирок хоҳанд кард.

Дар Ӯзбекистон тайи чанд соли ахир аст, ки  барои гиромидошти олими ҷаҳони ислом Имом ал-Бухорӣ ҳамоиш доир мегардад. Соли 2018 дар шаҳри Самарқанд бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  як муссисаи илмии исломӣ Маркази таҳқиқоти байналмилалӣ ба номи Имом ал-Бухорӣ ифтитоҳ ёфта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *