300 масҷид дар Қирғизистон сабти ном нашуд

Дар Қирғизистон 2 ҳазору 669 масҷид сабти ном шуд. Ин дар ҳолест, ки наздики 300 масҷиди дигар сабти ном нашудааст. Дар ин бора Зокир Чотаев, муовини мудири Комисияи давлатӣ дар умури дин хабар дод.

Вай гуфт, масоҷид ба далели мавҷуд набудани бархе аз ҳуҷҷатҳо аз сабти ном нагузаштанд. «Қонун фаъолияти ин гуна масҷидҳоро манъ мекунад, аммо мо иттилоъ дорем, ки бархе аз онҳо то ҳол фаъол ҳастанд», — гуфт Чотаев.

Вай афзуд дар Қирғизистон маҳдудияте барои сохтани масоҷид ҷорӣ нашудааст, аммо чунин пешниҳоде дар Шӯрои амнияти он кишвар баррасӣ гардидааст.

Вакилони порлумони Қирғизистон бо ворид кардани тағйирот ба Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ дар Қирғизистон», иҷозат доданд, ки ҳангоми сабти ном кардани созмонҳои динӣ муассисон вазифадор нестанд, бо мақомоти маҳаллӣ ҳайати шӯрои таъсисдиҳандагонро мувофиқа кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *