Абдуллоҳи Муҳаққиқ-донишманди фиқҳи исломӣ даргузашт

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, донишманд, коршиноси масоили дин ва яке аз муқобилони равияи салафизм аз дунё даргузашт.

Номбурда ҳамагӣ 57 сол дошта, зодаи шаҳри Кӯлоб буд.

 Тавре ба сомонаи Pressa.tj бародари Абдуллоҳи Муҳаққиқ хабар дод, номбурда  субҳи имрӯз дунёро тарк гуфт. «Марги бародарам ногаҳонӣ буд. Аз саломатӣ ҳам шиква надошт»,-гуфт дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ номбурда.

Ҷанозаи марҳум имрӯз, дар зодгоҳаш деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.

 Абдуллоҳи Муҳаққиқ муаллифи китоби «САЛАФИЯ:  Нигоҳи муосири илмӣ-сиёсӣ ё радди афкор  ва аҳдофи ғаразноки Албонӣ” буд.

Асари мазкур ифшогари афкору андешаи ғаразноки салафия ва оқибатҳои ситезагароии онон буда, барои шинохтва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мазҳаби ҳанафӣ заминаи воқеӣ муҳайё сохтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *