Қабристони харҳо дар Самарқанд (видео)

Мутахассиони бахши беҳдоштии Ӯзбекистон ҷасади садҳо хари мурдаро, ки аз наздикии шаҳраки Хишрави Самарқанд пайдо шуда буд, оташ заданд. Дар ҳоли ҳозир мақомоти Ӯзбекистон сабаби маргу мири харҳоро таҳқиқ доранд.

Сокинони Самарқанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки 7 декабр мақомот ба маҳали ҳодиса омаданд. 8 декабр ҳокими вилоят дастур дод, ки ҷасади харҳо бартараф ва сабаби пайдо шудани онҳо дар шаҳраки Хишрави таҳқиқ шавад.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки оё гӯшти харҳо ба боғи ҳайвоноти маҳаллӣ супорида шудааст ва ё ба нуқтаҳои ғизои умумии Самарқанд. Ин дар ҳолест, ки Тошпӯлод Раҳматуллоев, як блогнависи маҳаллӣ, ки нахустин шуда, дар бораи «қабристон»-и харҳо дар блоги худ хабар дод, мегӯяд, дар Самарқанд боғи ҳайвонот вуҷуд надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *