Ашёҳои қиматтарини ҷаҳон

Атр, расм, меҳмонхона ва чанд ашёҳои гаронарзиши   ҷаҳон.

Дар ҷаҳон баъзе ашёҳои гаронарзише,  монанди  телефон, автомобил, пойафзол, ки  истифода бурданашон бисёр мувофиқ мебошанд. Бештари  ин ашёҳо барои истифодаи одамони сарватманд пешбинӣ шудааст. Инак, чанде аз намунаҳои онҳоро, ки дар сомонаҳои интернетӣ пайдо шуданд, ба хонандагон пешниҳод менамоем:

  1. Бургери гаронарзиш

   Бургер бори аввал дар тарабҳонаи “Fleur лас Berace”  соли 2001 ба намоиш гузошта шуда буд, ки арзиши он 5000 доллари амрикоиро ташкил мекард.

2. Меҳмонхонаи қиматтарин

«Royal Penthose Suite  President Wilsom»  меҳмонхонае дар Женева мебошад, ки арзиши як ҳуҷраи он дар яқ шабонарӯз 65 000 доллар мебошад. Меҳмонхона аз  8 ошёна иборат буда, дар китобхона, толори хӯрокхӯрӣ барои 26 нафар, толори саққобозӣ ва варзишгоҳ пешбинӣ шудааст. Дар ин меҳмонхона ошпазҳои махсус ҳизмат мерасонанд.

3. Атри  қиматтарини ҷаҳон

Ин атр DKNY Delicious ном дорад.  Арзишаш 1 миллион доллар мебошад. Ин атр аз 2909   адад сангҳои қиматбаҳо,  аз он ҷумла бо 2700 сангҳои нуқрагин оро дода шудааст. Вазни он 2.28 кг-ро ташкил медиҳад.

Расми  қиматтарин

“Головы музы” ном дорад, ки  арзиши ин расм 47.9 миллион доллар мебошад. Дар аввал, соли 2009  арзиши  ин расм 20 доллар буд. Баъдан нархаш боз боло рафт.

Акси   қиматтарин 

 Акси қиматтарини дунё  “Фотом” ном дошта, арзиши он 6.5 миллион доллар мебошад. Ин расмро  бори аввал Питером Ликом ба фурӯш баровардааст, ки арзиши он  дар соли 2011 4.3 миллион долар буд.

Хонаи  қиматарин дар чаҳон

Ин хона бо тахаюлоти Антина дар Мумбай сохта шудааст, ки нархаш 2 миллиард доллар мебошад. Онро 600 нафар одамони махсус посбонӣ мекунанд.

Соати қиматтарини чаҳон

Соати қиматтарини дунё  “Haute Joaillere” ном дорад, ки арзишишаш 25 миллион доллар аст.

Ин соат бо 15 ҳазор бриллиантҳои бунафшу кабуд  оро дода шудааст. Шакли ин соат ба дил шабоҳати   зиёд дорад.

Пианнинои  қиматтарин 

Ин пианино  “Hientzman Crustal”   мебошад.  Арзиши пианино 3.22 миллион аст. Ин асбоби мусиқӣ  соли 2008 дар Пекин   ба фурӯш бароварда шудааст.

Таҳияи Ӯғулой Қутбиддинзода

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *