Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Асма ал-Асад аз чизе намеҳаросад

 

Ӯро гули садбарги Димишқ дар биёбон ва дунявитарин хонуми олами араб меноманд. Вай 8 сол мусоҳиба надодааст. Асма ал-Асад дар сояи шавҳараш Башор ал-Асад монданро афзал медонад ва хомӯшӣ ихтиёр намудааст. Вай танҳо барои «Россия-24» истисно кард.

1

-Пеш аз ҳама барои он, ки ба мо имконияти бо шумо ҳамсӯҳбат шуданро додед, изҳори сипос мекунем. Ба фикрам қайд кардани он муҳим аст, ки ин мусоҳибаи аввалини шумо дар ҳашт соли охир мебошад. Ва саволи нахустини ман: чаро шумо тасмим гирифтед, ки дар сояи ҳамсаратон монед, чаро шумо тасмим гирифтед, ки шавҳаратонро дастгирӣ кунед ва ҳамаи ин солҳо хомӯш будед?

-Барои ман ин масъалаи интихоб набуд. Ман ӯро дастгирӣ кардам, зеро ин ба ақидаҳои ман мутобиқ буд. Дар масъалаи нишон додани худ дар назди умум бошад гуфтаниям, ки ман ҳеҷ вақт барои ин талош надоштам ва аз ин рӯ ба ин саволатон ҷавоб дода наметавонам.

-Биёед, аз Сурияи то давраи ҷанг оғоз мекунем. Шумо дар бораи ин кишвар чӣ хотираҳо доред?

2

-То ҷанг дар Сурия дар бисёр соҳаҳо дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд меомаданд: масалан, рушди ба назар намоёни иқтисодӣ, ислоҳотҳои бесобиқа дар бахши қонунгузорӣ ва ҳамчунин пайдо шудани насли нави созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Вале бо вуҷуди пешравиҳо, бидуни шубҳа, проблемаҳои бисёр боқӣ монда буданд-пеш аз ҳама ин имкониятҳои маҳдуди иқтисодии ҷавонон, тақсимоти нобаробари даромад, оқибатҳои бесобиқаи хушксолӣ, ки ин хелаш пештар дар Сурия ба вуҷуд наомада буд ва ҳамчунин омадани зиёда аз як миллион гурезаи ироқӣ.

Давоми ҳамаи ин вақт нақши ман ҳама вақт аз мустаҳкам намудани сохтори иҷтимоии Сурия ва дастгирии обшинаҳои маҳаллӣ иборат буд. Аз ҷумла, ин дар пеш бурдани ташаббусҳое, ки рушди иқтисодии фарогирро ҳавасманд мекунанд, зуҳур менамояд-асосан ин ташаббусҳо дар соҳаҳои маблағгузории хурд, кор бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мустаҳкам кардани онҳо ва ҳамчунин кор бо одамони ҷавон бо мақсади таъмини пурра амалӣ шудани маҳорату малака ва имкониятҳои онҳо.

-Унвони хонуми аввал бар дӯши соҳибони онҳо ӯҳдадориҳои бисёрро бор мекунад. Мехоҳам пурсам, ки мақсади шумо дар оғози ин роҳи муҳим чӣ буд?

-Боварӣ надорам, ки ин ба шумо маълум бошад, лекин ман пештар бонкири инвеститсионӣ будам. Ман гирифтани унвони магистри бизнес-маъмуриятро дар Гарвард мақсади худ қарор дода будам ва бинобар ин хонуми аввал шудан ба нақшаҳои карйерии ман дохил намешуд.

Дар аввал ман ба одамоне кӯмак мерасондам, ки ҳар рӯз бо ҷидду ҷаҳд кор мекарданд, то дар зиндагӣ ба чизе муваффақ шаванд, ҳарчанд аксарияташон барои ин захираи маҳдуд доштанд. Ман бо ин одамон вомехӯрдам, қиссаҳои зиндагиашонро мешунидам ва бо чашмони худ медидам, ки онҳо чӣ хел гурӯҳи худро ба сӯи беҳбудӣ тағир додаанд-ҳамаи ин ба ман имконият медод, ки бо вазъияти онҳо шинос шавам ва дар муҳайё сохтани шароити муусоид барои муваффақ шудани онҳо кӯмак расонам.

-Мо бо шумо як ҳафта ҳамроҳ будем, бошиддат кор кардем ва вохӯриҳои шуморо бо одамони гуногун дидем. Биёед аз ташрифи шумо ба шифохона оғоз мекунем. Шуморо чӣ эҳсосот фаро мегирад, вақте, ки бо сарбозони маҷрӯҳ вомехӯред?

-Ман метавонам гӯям, ки дард ва андӯҳро ҳис мекунам, вале ҳамин чизро дигарон ҳам гуфтанашон мумкин аст. Ба фикрам муҳимтар он аст, ки мо аз ин эҳсосот чӣ хулоса мебарорем, онҳоро чӣ хел ба ташкили ташаббусҳо равона мекунем, ки ба ин сарбозон ё қурбониҳо дар роҳандозии зиндагии худ кӯмак мерасонанд. Аз ин рӯ барои ман муҳимтар он аст, ки чӣ кор мекунам, на он, ки чиро эҳсос менамоям.

-Шумо масъулияти гаронро бар дӯш гирифтаед, зеро ба шумо ҳазорҳо одам бо хоҳишҳои худ муроҷиат мекунанд ва шумо ба ҳамаи онҳо ваъда медиҳед, ки ҳама кори имконпазирро мекунед. Чаро? Охир ба ҳама, ба ҳар як сарбози маҷрӯҳшуда, ба ҳар гуреза ва ё ба ҳар оилае, ки аз он касеро дуздидаанд, ёрдам додан номумкин аст.

3

-Шумо ҳам ин қиссаҳоро шунидед, чӣ хеле, ки ман шунидам. Шумо метавонистед ба онҳо эътибор надиҳед? Ин номумкин аст. Мо дар Сурия боварӣ дорем, ки ваъдаи додаи мо муқаддас аст. Ин хеле муҳим. Ман кӯмак пешниҳод мекунам, зеро ба мавҷудияти ҳама шароитҳои зарурӣ барои қонеъ гардондани ҳамаи ин ниёзҳо боварӣ дорам. Мо шабакаи хеле пурқувват ва густурда дорем, онро давлат ташкил кардааст, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ. Аз рӯи таҷрибаи худ гуфта метавонам, ки бо кӯмаки ин каналҳои муназзамшуда аксарияти ин хоҳишҳоро қонеъ гардондан мумкин аст.

Вале шахсан барои ман ҳар як чунин ташриф ин имконияти навбатӣ барои ошкор намудани камбудиҳо дар системаю равандҳои мавҷуда ва бартараф кардани онҳо мебошад. Ҳамин тавр мо ба муваффақиятҳои калон ноил мешавем ва агар дигаргуниҳои дахлдорро амалӣ намоем, одамони дигар ба чунин проблемаҳо дучор намешаванд.

-Саволи навбатӣ ба амният дахл дорад. Мо шуморо дар роҳ ба сӯйи Фонди Сурия дар масоили рушд ҳамроҳӣ кардем, ҳамчунин ба маркази мазкур ва ба ҳар ин ду ҷой шумо танҳо рафтед. Чаро шумо ба чунин хатар роҳ медиҳед?

-Ҷавоб хеле содда аст, Аня: ман аз зиндагӣ бо тарсу ҳарос даст мекашам. Айни замон ҳамаи сокинони Сурия зери хатар қарор доранд ва ман магар аз онҳо беҳтарам?  Ва чизи аз ҳама муҳим: чӣ хел ман онҳоро водор мекунам, ки натарсида зиндагӣ ба сар баранд, ба кор раванд, фарзандонашонро ба мактаб фиристанд, агар худи ман чунин накунам? Ин дурӯягӣ мешавад. Рости гап, барои ман хатари калонтар ин изолятсия аз зиндагии рӯзмарра аст, зеро дар ниҳояти кор ҳеҷ чиз кори бевоситаро дар ҷойи худаш иваз намекунад.

-Ба сӯи Ас-Сувайда як қитъаи роҳ махсусан хатарнок буд, зеро дар як тарафи он ҳудуди ДИИШ қарор дошт ва дар тарафи дигараш ҳам ҳудуде воқеъ буд, ки ба он террористҳи дигар назорат мекарданд. Чаро чунин кардед? Барои мо дидани он боварнокарданӣ буд, ки шумо дар ин роҳ бо мошин танҳо мерафтед.

-Ман аз ғамхориатон миннатдорам, вале аз нуқтаи назари ман занҳо, модарон ва духтарони суриёӣ ҳар кадоме ба таври худ мекӯшанд, ки душвориҳои аз ин ҷанг ба вуҷуд омадаро бартараф кунанд. Ва ман новобаста аз он, ки вақти бӯҳрон аст ё не, ҳавасманди онам, дар ин кор ба ашхосе, ки ба ин эҳтиёҷ доранд, ёрӣ диҳам. Ин барои ман авлавияти калонтарин аст. Ва ман исрор ба онро давом медиҳам, ки ҳарчи бештар дастрас бошам, зеро ҳеҷ чиз ҳамкории байни одамонро иваз карда наметавонад. Маҳз ҳамин тавр ман меомӯзам ва маҳз ҳамин тавр вазъиятро ба сӯи беҳбудӣ тағир медиҳам.

-Бо вуҷуди он, ки хатарнок аст, шумо ба маҳалҳои гуногуни кишвар сафар мекунед ва бо одамон вомехӯред. Бо кадом рӯҳияҳо дучор омадед? Онҳо ба шумо чӣ мегӯянд, чӣ хоҳишҳо мекунанд?

-Ҳар хел. Ман қиссаҳоро дар бораи диловарӣ ва матонат шунидам, қиссаҳоро дар бораи фоҷеа ва дар бораи умедҳо, вале масъалаи асосие, ки ҳамаро ба ташвиш овардааст, ин аст: «Кай Сурия боз бехатар мешавад? Кай мо метавонем ба хонаҳои худ баргардем?»

-Аз лаҳзаи вохӯрии якуматон бо раисҷумҳур ва баъди гузаштани ҳамаи ин солҳои зиндагии якҷоя вай ҳамон одаме боқӣ мондааст, ки шумо ҳамсари ӯ шуданро хоста будед?

-Аз бисёр ҷиҳатҳо ҳа, вай чун пештара ҳамон одамест, ки ман бо ӯ ҳанӯз пеш аз раисҷумҳур шуданаш вохӯрда будам. Вай хеле ором, андешаманд ва ҳама вақт меҳрубон. Вале аз ҳама беҳтаринаш он аст, ки бо вай сӯҳбат кардан хеле осон. Бо вай дар ҳар бобат сӯҳбат кардан мумкин. Ин хеле хуб аст.

-Вазифаҳои душвори ҳарбӣ ва душвориҳои дигари вазъи имрӯза ба вай чӣ таъсире расондаанд?

-Албатта,имрӯз дар дӯши вай масъулияти аз ҳарвақта бештар бор аст. Ин бори хеле гарон мебошад ва тамоми қувваи вай ва вақти бештараш барои ҳамин сарф мешаванд. Вале он чиз маро ба ваҷд меорад, ки бо вуҷуди ҳамаи ин душвориҳо ва ҷадвали кории пуршиддаташ барои оилаи худ вақт меёбад, махсусан барои се фарзандамон. Вай ба нақши падарии худ хеле ҷиддӣ муносибат мекунад. ӯ одами хеле беғараз аст.

-Дар худи шумо дар ин муддат чӣ дигаргуниҳои ҷиддие ба вуҷуд омадаанд?

-Ман аз бисёр суриёиҳои дигар ягон фарқе надорам. Ҷанг ба оилаи ман ба мисли оилаҳои дигари Сурия дахл кардааст. Мо аз фоҷиаҳое, ки бо онҳо кишвари мо ҳар рӯз рӯ ба рӯ мешавад, ғам мехӯрем. Баъди панҷ соли ҷанг, ба фикрам, ҳар як хонавода дар Сурия пур аз ғаму андӯҳ аст ва оилаи мо ҳам истисно нест.

-Хуб, шумо дар хотир доред ҳамон рӯзеро, ки ба вазорати дифоъ ҳуҷум карданд? Ҳам шумо ва ҳам ҷаноби раисҷумҳур машғул шудан бо корҳои худро идома додед ва барои мо аз ҳама ҳайратангез он аст, ки фарзандонатонро ба мактаб фиристодед. Чаро? Ва ман боз наметавонам аз шумо дар бораи чунин хатар пурсон нашавам.

-Ҳодисае, ки шумо дар борааш гап мезанед, соли 2012 ба вуҷуд омад, яъне дар оғози бӯҳрон. Ҳамон вақт писари калонии ман даҳ сол дошт ва хурдиаш на бештар аз ҳафт сол. Аз ҳамин сабаб онҳо тарсида буданд, зеро садои тирпарронӣ аз хеле наздикӣ ба гӯш мерасид. Вале субҳи ҳамон рӯзи ҳуҷум ман медонастам, ки ин лаҳзаи фаромӯшнашавандаи даврони кӯдакии онҳо мешавад. Ва инстинкти нахустини ман, он рӯзро ман хеле равшан дар хотир дорам, мисле, ки дирӯз буд, нагурехтан ва пинҳон нашудан буд.

Вақте ман ба мактаб занг задам ва ба ман гуфтанд, ки он чун ҳаррӯза кор мекунад, қарор қабул намудам. Вақте, ки фарзанднамро ба мактаб бурдам, писари хурдиаам пурсид, ки ман ӯро дӯст медорам ё не. Ман ҳамон рӯз фарзандонамро на барои он ба мактаб фиристодам, ки онҳо бо хатар рӯ ба рӯ шаванд. Балки хостам онҳо донанд, ки чӣ хел тарсро бартараф кардан ба эътиқодҳои худ устувор мондан мумкин аст.

-Мо медонем, таътили имсоларо онҳо ҳамчун волантёр кор карда гузаронданд. Онҳо аз таассуротҳояшон ба шумо нақл карданд?

-Албатта. Имрӯз ду нафари онҳо дигар кӯдак нестанд, онҳо наврасанд, вале, мутаассифона, ба мисли қисми калони ҳамсолонашон давраи кӯдакии онҳо ба солҳои ҷанг рост омад. Аз ҳамин сабаб онҳо тезтар ба камол расиданд ва ман умедворам, ки ин ҳам ба онҳо дар расидан ба қадри чизҳои дар ин зиндагӣ муҳим кӯмак мерасонад. Бинобар ҳамин онҳо ҳар рӯз баъди ба хона омадан дар бораи ҳодисаҳои гуногун нақл мекунанд ва саволҳо медиҳанд. Онҳо баъзан қаҳру ғазаб ва яъсу ноумедиро ҳис мекунанд, баъзан ғаму андӯҳро. Ман боварӣ дорам,  нақши модарии ман ба онҳо дар инкишоф додани малакаҳояшон, ки барои ташаккул ёфтани ақидаи шахсиашон ва тамоюлашон дар ҷаҳони онҳоро иҳотакарда заруранд, кӯмак мерасонад. Ва дар натиҷа онҳо ҳамчун одамони фикрашон мустақил ба камол мерасанд.

-Таҳримҳо пеш аз ҳама ба тамоми сокинони Сурия ва ҳамчунин ба оилаи шумо чӣ таъсире расонданд?

-Ба фикрам барои ҳеҷ кас пинҳон нест, ки таҳримҳои кунунӣ ба халқи Сурия  чунон таъсири ҷиддие расонданд, ки таҳримҳои солҳои 90-ум ба ироқиҳо расонда буданд. Фарқияти ягона дар он аст, онҳое, ки ин таҳримҳоро ҷорӣ кардаанд, таъсири онҳоро ба суриёиҳои оддӣ пешакӣ медонистанд. Аз худ бояд пурсид: чӣ фоида аз ҷорӣ намудани таҳрим ба маҳсулоти асосии ғизоӣ? Чӣ фоида аз муҳосираи дастрасӣ ба дору ва таҷҳизоти тиббии ҳаётан муҳим? Ҳамагӣ чанд рӯз пеш ман бо одами солхӯрдае вохӯрдам, ки ба бемории саратон гирифтор шудааст ва вай аз он изҳори ташвиш кард, ки табобати заруриро гирифта наметавонад, зеро кимиёдармонӣ дигар дастрас нест. Дидед, чӣ кор мекунанд таҳримҳо бо одамони оддӣ ва ин ҳамагӣ як мисол.

Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш СММ ҳисоботеро интишор намуд, ки дар он хеле зиёд шудани қашшоқӣ ва азияти беандоза байни суриёиҳои оддӣ дар натиҷаи ин таҳримҳо қайд шудааст. Гардиши фалакро бинед, ки ин таҳримҳоро ба ном «дӯстони Сурия» ҷорӣ кардаанд.

Вале дар ҳисобот дар ин бора сухан намеравад, ки вазъият боз ҳам бадтар мешуд, агар дӯстони ҳақиқии Сурия дахолат намекарданд ва дар ҷуброни баъзе оқибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии таҳримҳо кӯмак намерасонданд. Дар ин бобат нақши Русия хеле калон аст: вай ба Сурия кӯмакҳои бебаҳои башардӯстона ва иқтисодӣ расонду расонда истодааст ва ин кӯшишҳои наҷибона бори гарони дар дӯши суриёиҳои оддӣ бударо сабуктар карданд. Мо инро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунем. Дар бораи таъсири таҳримҳо шахсан ба ман бошад, бояд гӯям,ки ин он қадар маҳим нест, махсусан дар пасманзари умумӣ.

-Ман мехоҳам дар бораи ояндаи Сурия баъди ҷанг фаҳмам. Шумо онро чӣ хел тасаввур мекунед ва ин ояндаро чӣ гуна месозед? Ба шумо чӣ хел муяссар мешавад бартараф намудани харобаҳо дар тамоми кишвар?

-Замине, ки дар он Сурия ҷойгир шудааст, аз замонҳои хеле қадим аҳолидор мебошад. Давоми ҳазорҳо сол дар ин замин даҳҳо ҷанг шудаасту ба он ҳамлаҳо кардаанд ва баъзе минтақаҳои он пурра несту нобуд шудаанд. Вале ман медонам, ки Сурия метавонад барқарор шавад ва вай ин корро мекунад. Муҳимтар аз ҳама-бартараф кардани омилҳои дохилию беруна, ки ин ҷангро ба вуҷуд овардаанду идома медиҳанд. Мо, суриёиҳо ҳама вақт пирӯз шудаем ва ин давраи таърихи мо низ истисно нест. Маълум аст, ки калимаи «Сурия» маънои  офтоби тулӯъкунандаро дорад ва ман боварӣ дорам, ки суриёиҳоро тулӯи нав интизор аст.

-Ва саволи охирин: давоми ҳамаи ин солҳои ҷанг шумо аз кишвар нагурехтед. Ягон кас ба шумо маслиҳат додааст, ки барои наҷот додани ҷонатон гурезед ва ҷавоби шумо чӣ хел буд?

4

-Шумо ҳам дар ин ва ҳам дар он ҳақ астед. Аввалалан, ман аз оғози ҷанг дар ҳамин ҷой будам ва ягон вақт дар ҷойи дигар буданро фикр ҳам накардаам. Ва дуюм, бале, ба ман имконияти тарк намудани Сурия ё дақиқтараш гурехтанро пешниҳод карданд. Ин пешниҳодҳо кафолати амнияту муҳофизати фарзандонам ва ҳатто амнияти молиявиро дарбар мегирифтанд. Вале барои фаҳмидани мақсади аслии ин одамон доҳӣ будан шарт нест. Онҳо парвои некӯаҳволии ман ва фарзандонамро надоштанд. Ин кӯшиши барқасдонае буд барои суст кардани боварии одамон ба раисҷумҳурашон. Гуфтани он кофист, ки ин пешниҳодҳо аблаҳона буданд ва онро суриёиҳо накардаанд.

 

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.