Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз намози таровеҳ то сабукӣ ба рӯзадорон. Посухи Саидмукаррам Абдулқодирзода

Раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мавриди фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон, рӯза доштан дар шароити пандемия, тартиби гузоштани намози таровеҳ, баргузории ифтор, сабукиҳо ба рӯзадорон ва дигар масоили вобаста ба Рамазон бо хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” суҳбат анҷом дод.

-Мехоҳам барои хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj дар мавриди фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон чанд ҳарф бигӯед.

-Бинои мусалмонӣ ба панҷ рукн аст: калимаи шаҳодат, намоз, рӯза, ҳаҷ ва закот. Ҳаҷу закот ба инсонҳои сарватманд ва доранда фарз мегардад. Барои онҳое, ки имконият надоранд, ҳаҷу закот иҷборӣ нест.

Моҳи мубораки Рамазон бошад, яке аз рукнҳои панҷгонаи асосии дини ислом ба ҳисоб меравад. Фазилати ин моҳи муборакро Паёмбари гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадиси муборак мегӯянд: «Шумо рӯза бигиред, ки саломату бардам шавед». Имрӯз ҳам, кашфиёти илмӣ далолат бар он мекунанд, ки аксари бемориҳо бо рӯза доштан муолиҷа мешаванд. Худованди азза ва ҷал дар ояти қудсӣ мефармояд, ки “Ҳар ибодат аҷру подоши муайян дорад, вале ин рӯза барои ман аст ва ман аҷрашро медиҳам”.

Фазилату бартарии дигари моҳи мубораки Рамазон ин аст, ки ҳар некие агар инсон дар дигар моҳҳо анҷом медиҳад, аз 1 то 10 аҷр дорад, агар амали хайрро дар Рамазон бикунад, аҷру подошаш аз 10 то 800 аст. Дар моҳи мубораки Рамазон ҳар фарз, баробари 70 фарз аст. Яъне агар нафар, дар моҳи Рамазон закот диҳад, мисли онест, ки 70 маротиба закот додааст. Ё як ракъат намози шумо дар рамазон баробари 70 ракъат аст.

Гузашта аз ин моҳи Рамазон моҳи бахшиши гуноҳҳо аст. Паёмбар (с) мегӯянд, ки “Ҳар инсоне, ки ба хотири Худованди азза ва ҷал рӯза мегирад,  аз тамоми гуноҳҳо пок мегардад, зеро Худованд ҳамаи гуноҳҳои ӯро мебахшад.” Ё дар ҳадиси дигар омадааст: “Ҳар инсоне, ки шаби моҳи мубораки Рамазон намоз мегузорад ва ибодат менамояд, ҳар гуноҳе дорад, Худованди азза ва ҷал гуноҳҳояшро меомӯрзад”, хоҳ ин намози таровеҳ бошад ва ё намози таҳаҷҷуд.

Ҳамчунин, дар моҳи мубораки Рамазон шаби Қадр ҳаст, ки бартарини шабҳост. Маҳз дар ҳамин шаб, китоби муқаддаси Қуръон нозил шудааст.

Фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон зиёд аст ва метавон дар бораи он соатҳо ҳарф зад.

Ман аз ҳамаи мусалмонон, ки дар ин моҳ рӯза медоранд, даъват мекунам, ки гуноҳҳои ҳамдигарро бубухшанд, бо касе қаҳрӣ бошанд оштӣ кунанд, онҳое, ки дар дил бухлу кина доранд, ба касе ҳасад мебаранд ва дорои дигар хислатҳои зишту нопок ҳастанд,  моҳи мубораки Рамазон имкон медиҳад, ки ботини худро тоза намоянд.

-Домуллои азиз, чун солҳои қаблӣ Рамазони имсола ҳам, дар шароити пандемия меояд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон чанд вақти охир ягон гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ягон нафар аз он эмин нест. Бинобар ин, Рамазони имсоларо чӣ тавр бояд паси сар кунем?

-Мо ба ҳамаи масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъ тавсия медиҳем, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд, намозгузорон ҳатман бо ниқоби тиббӣ вориди масҷид шаванд, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода баранд ва дар масҷидҳо корҳои уфунӣ гузаронанд. Илова бар ин, фосилаҳо бояд дар сафи намоз ҳатман риоя карда шавад. Ҳамчунин, ҳар он чизе, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 тавсия кардааст, риоя мекунем.

-Яъне, имсол намози таровеҳ баргузор мегардад?

-Иншоолоҳ. Зеро то ҳол Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 монеае барои баргузории намози таровеҳ пешниҳод накардааст. Чун феълан дар ҷумҳурии мо короновирус ба қайд гирифта нашудааст, умед дорем, ки намози таровеҳ ва дигар намозҳо бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор мешаванд.  

-Суоле, ки бисёриҳо дар арафаи моҳи Рамазон медиҳанд, ин аст: нафароне, ки намози панҷвақта намегузоранд, намози таровеҳ хонда метавонанд?

Тафсилоти бештар суҳбатро дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.