Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Давлатзода: Дар 6 сол ягон масҷиди расмӣ баста нашудааст

Сулаймон Давлатзода раиси  Кумитаи дини назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар нишасти хабарии ниҳоди тобеъаш гуфт, ки давоми 6 соли охир аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти ягон масҷиди расмӣ қатъ нагардидааст.

Давлатзода гуфтааст ки он масҷидҳое ки фаъолияташон боздошта шудаанд, қаблан ҷойҳои ҷамъиятӣ буданд, ки пасон онҳоро ғайриқонунӣ ба масҷидҳо табдил доданд. «Бинобар надоштани иҷозатнома фаъолияти онҳо манъ карда шуд»-гуфт номбурда.

 

Ҷаноби Давлатзода қайд кард, ки дар шаш моҳи аввали соли равон, фаъолияти 29  иттиҳодияи динӣ дар асоси мактуби раисони шаҳру ноҳияҳо бо роҳи худбарҳамдиҳӣ қатъ шудааст. Ҳамчунин дар нишаст иттилоъ доданд, ки соли равон танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ  фаъолияти 133 масҷид қатъ шуда буд. Инчунин тайи  2 соли ахир 1032 масҷид дар минтақаҳои Тоҷикистон ба марказҳои фарҳангию фароғатӣ  табдил дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли гузашта мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз табдили 50 масҷид ба марказҳои фарҳангӣ хабар дода дар саросари вилояти Суғд 100 бинои қаблан ба ҳайси масҷид фаъолияткунанда ба чунин марказҳо табдил ёфта буданд.

Бино ба иттилоъи расмӣ дар Тоҷикистон 4 ҳазору 89 адад иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 72-тоаш иттиҳодия ва як ҷамоаи динии ғайри исломӣ мебошанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.