Facebook саҳифаи русии Sputnik-ро бастааст

Ширкати Facebook садҳо саҳифа ва гуруҳеро дар Facebook и Instagram баст, ки дар ду амалиёти хабарпарокании дурӯғ дар фазои шӯравии пешин шомил буданд.

«Ду амалиёте, ки мо ошкор кардем, дар Русия пайдо шуданд: яке аз онҳо дар маҷмуъ якбора дар чанд кишвар роҳандозӣ шуд, вале дувумӣ танҳо ба Украина равона гардида буд», — омадааст дар гузориши Наталиэл Глейхер, як масъули Facebook аз 17 январ. Ҳеч иртиботи мустақиме миёни ин ду амалиёт ошкор нашуд, аммо «дар онҳо тактикаи яксон — таъсиси шабакавии саҳифаҳо ба хотири пинҳон кардани пайдоиш ва ҳадафашон» дида мешавад.

Глейхер гуфт, шабакаи иборат аз 364 саҳифаву гуруҳ ба кормандони хабаргузории давлатии Sputnik рабт дошт. Кормандони бахши арманистонии хабаргузории мазкур гуфтанд, саҳифаи русиашон дар Facebook баста шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *