Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фатвои руҳонии эронӣ: “Агар маҳдудият бошад, ҳиҷоб набандед”!

Оятуллоҳ Макорим Носири Шерозӣ, марҷаъи тақлиди шиъа, бо судури фатво ба духтарон иҷоза додааст, ки дар кишварҳои хориҷ метавонанд ҳиҷоб напӯшанд.

Дар ин фатво гуфта мешавад, ки агар дар бархе кишварҳо духтарон маҷбур ба тарк кардани ҳиҷоб шаванд, метавонанд, қавонин ва шарти он кишварҳоро рият карда, ҳиҷоб напӯшанд. Ӯ ба духтарон ҳақ додааст, ки сурати вуҷуди доштани чунин шартҳое дар ҳар кишвар метавонанд ҳиҷобро риоят накунанд.

Дар ин хусус расонаҳои эронӣ хабар дода, навиштаанд, ки фатвои ин марҷаъи тақлиди шиъа дар сомонаи интернетиаш нашр шудааст.
Дар ин фатво омадааст: “Вазифаи хоҳарони донишҷӯи мусалмони Туркия ва дигар кишварҳо нисбат ба риояяти ҳиҷоб дар дк мавриди зер аст? Вуҷуд доштани шарҳо дар донишгоҳҳои таҳти мудрияти онҳо, риоят накардани ҳиҷоб шаръӣ аст. Шарти итмоми чанд терми боқимонда аз риштаи хоссе дар донишгоҳ тарки ҳиҷоб аст”.
Аммо дар  шарҳи ин фатво тавзеҳ дода шудааст, ки рияот накарди ҳиҷоб танҳо дар мавридҳоест, ки шарт ва маҳдудиятҳо дар онҷо эҷод шуда бошад. Дар ҷойҳое, ки барои бастани ҳиҷоб монеъае нест, риояти он ҳатмӣ мебошад.
Ин фатво дар ҳолест, ки чанде қабл Вазорати кишвари Арабистони Саудӣ низ ба шаҳрвандонаш ҳушдор дода буд, ки дар хориҷ аз кишвар аз пушидани либоси миллӣ ҳиҷоб ва бурқа парҳез кунанд.
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.