Фурудгоҳ номи собиқ президентро гирифт

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар барои табдили номи фурудгоҳи Тошканд фармон имзо кард. Ҳамакнун, бар асоси ин фармон, фурудгоҳ номи Ислом Каримов, президенти пешини ин кишварро гирифт.
Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, фармон бар асоси ваъдаи Мирзиёев дар бораи гиромидошти хотири Каримов имзо шудааст.

Моҳи декабр президенти Ӯзбекистон барои сохтани пайкараи Каримов тендери байналхалқӣ эълон кард.

Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ вафот кард. Вай аз соли 1989 сари қудрат буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *