Латукӯби духтарчаи чорсола аз ҷониби падараш (Видео)

Дар телевизиони Узбекистон навореро намоиш доданд, ки дар он як падар духтари чорсолаашро бераҳмона латукӯб мекунад. Кӯдаки бечора, ки зор-зор мегирист, зорӣ мекунад, ки ӯро назанад, вале падари бадҷаҳл боз ҳам бештар ба хашм омада, кӯдакро задан мегирад.

Ин видеои мудҳиш дар барномаи «Учбурчак» («Секунҷа»)-и шабакаи давлатии телевизионии «Узбекистон» намоиш дода шуд.

Дар видео дида мешавад, ки як марди сокини Тошканд духтари чорсолаашро зери борони дашном гирифта, бераҳмона латукӯб мекунад.

Мард бо хашм ба сари фарзандаш дод мезанад ки: «Ту ба ман даркор нестӣ. Модарат дар Туркия аст. Ман туро мисли саг зада-зада мекушам.»

Кӯдаки бечора, ки зери мушту шаппотиҳои падар зор-зор мегирист, зорӣ мекунад, ки ӯро назанад. Вале падари бадҷаҳл боз ҳам бештар ба хашм меояд ва ба латукӯби кӯдак идома медиҳад.

Ҳар боре ки падараш ӯро мушт ё шаппотӣ мезад, кӯдаки бечораву оҷиз ба рӯи фарш меафтид, вале ҳар боре ки аз ҷо баланд мешуд, боз ҳадафи ҳамлаи падари ақлбохтааш қарор мегирифт. Мард модари ин кӯдакро айбдор мекард, ки худаш ба Туркия рафта, «кӯдакони ҳаромӣ»-ашро ба гардани вай бор кардааст. 

Як корманди милиса, ки дар ин барнома иштирок дошт, гуфт, чунин бархӯрди хушунатомез нисбат ба кӯдаке ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, ҷиноят аст ва ин мард бояд ҷазо дода шавад.

Расонаҳои Узбекистон менависанд, ки модари кӯдак аз Туркия баргашта, духтарашро тавассути додгоҳ аз дасти падари бадҷаҳлаш гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *