Магар дарахти тути қадима ба “Исломи соф” мухолифат дорад?

Бар асоси фатвои муфтии мусалмонони Ӯзбекистон дарахти тути 700-сола дар вилояти Бухоро ба далели мувофиқат накарданаш ба “Исломи соф” решакан шуд.

Бар асоси фатвои муфтии мусалмонони Ӯзбекистон дарахти тути 700-сола дар вилояти Бухоро ба далели мувофиқат накарданаш ба “Исломи соф” решакан шуд.

Дарахти тути қадима дар зиёратгоҳи “Ҳоҷа Баҳовуддини Нақшбанд” дар шаҳри Когони вилояти Бухоро воқеъ буд.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон, дарахти тути 700-сола дар канори муҷассамаи Буддо дар вилояти Сурхондарёи ин кишвар аз осори бостонӣ ва таърихие маҳсуб мешуд, ки таваҷҷӯҳи ҷаҳонгардони хориҷиро ба худ ҷалб мекард.

Дар сомонаи расмии зиёратгоҳи “Хоҷа Баҳовуддини Нақшбанд” омадааст: “Бар асоси фатвои муфтӣ Усмонхон Алимов аз 7 майи соли ҷорӣ, ки муқаддаси ҳисобидани дарахт ё санг дар Ислом ширк ҳисоб меёбад, дарахти тути қадима аз ҳудуди зиёратгоҳ берун андохта шуд”.

Ба эътиқоди муфтӣ дар бархе маворид мардум дар зиёратгоҳи “Хоҷа Баҳовуддини Нақшбанд” дарахти тути қадимаро низ тавоф мекарданд, ки дар Ислом ширк маҳсуб мешавад.

Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ҳодисаи нобуд сохтани дарахти тути 700-соларо, ки аҳамияти таърихӣ дошт, шадидан маҳкум кардааст.

Бар асоси ривоятҳои маҳаллӣ, Хоҷа Баҳовуддини Нақшбанд, чеҳраи маъруф дар ҷаҳони Ислом ва поягузори равияи Нақшбандия дар асри 14 дар ин зиёратгоҳ асои худро ба замин мезанад ва ин дарахт сабз мешавад.

Аз ин лиҳоз ин дарахти тут бо исми мубораки Хоҷа Баҳовуддини Нақшбанд пайванди ногусастанӣ доштааст.

Дар бештари кишварҳои дунё дарахтони қадиме ҳифз мешаванд, ки бо номи авлиё ва анбиё робита доранд.

Масалан, дар шаҳри Ҳерони Фаластин дарахти қадмие мавҷуд аст, ки тибқи ривоёт Исои Масеҳ дар сояи он истироҳат кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *