Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муҳоҷирони тоҷик ба зирони фиребхӯрдаи Бошқирдистон кумак карданд (Видео)

Бачаҳои тоҷики шаҳри Домодедово рӯзи 23 август аввалин шуда, ба кӯмаки 47 ҳоҷии дар фурудгоҳи Домодедово дармонда расиданд ва барои онҳо хӯроки гарм оварданд. Фарҳод Одинаев, намояндаи ҷамъияти тоҷикон гуфт, бачаҳои тоҷик аз имкони чунин кори савоб дар роҳи ризои Аллоҳ ақиб монда наметавонистанд.

Моҷарои омада ба сари 47 талабгори сафари Ҳаҷ аз ҷумҳурии Бошқирдистонро рӯзи 23 август ҳомии ҳуқуқ Расул Тавдиряков расонаӣ кард. Ӯ бо нашри чанд видео дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ин гурӯҳи ҳоҷиён аз Бошқирдистон зоҳиран ба фиреби касе афтодаанд ва инак ду рӯз боз дар фурудгоҳи Домодедово дармонда, ба Арабистони Саудӣ сафар карда наметавонанд.

Намояндагони ширкате, ки аз ин 47 ҳоҷӣ бо ваъдаи таъмини сафари Ҳаҷ пули калон рӯёндааст, дар ин ҳама вақт ба онҳо ҳамагӣ се шиша об додааст.

Расул Тавдиряков ба мусалмонони шаҳру вилояти Маскав муроҷиат кард, ки ба кумаки ин зоирон бирасанд, чунки онҳо дар фурудгоҳи Домодедово шароити пайдо кардани ғизои ҳалолро надоранд.

Ва алакай соате баъди ин муроҷиат як гурӯҳи бачаҳои тоҷик бо халтаҳову пур аз ғизо ва обу нӯшобаҳо, тарбузу харбуза ва сабзавоту меваҷот дар фурудгоҳи Домодедово ҳозир шуданд ва зоирони бечорамондаро бо ғизои гарм таъмин карданд. Бачаҳои тоҷик барои зоирон ҳатто оши палави тоҷикӣ пухта оварданд.

Расул Тавдиряков навишт, ки бачаҳои тоҷик аз ҷамъияти тоҷикони шаҳри Домодедово нахустин нафароне буданд, ки ба муроҷиати ӯ ҷавоб доданд. Ба дунбол, чанд созмони дигари хайрия низ ба кӯмаки зоирони дармонда дар фурудгоҳи Домодедово расидаанд.

Фарҳод Одинаев, намояндаи ҷамъияти тоҷикони Домодедово гуфт, «бачаҳои тоҷик аз чунин имкони анҷоми як кори савоб дар роҳи ризои Аллоҳ ақиб монда наметавонистанд.”

Дар видеои  Тавдиряков дида мешавад, ки намояндаи тоҷикҳо мегӯяд, барои хӯроки шоми зоирон низ ҳар чизе лозим шавад, як занг ба онҳо бизананд, кофист: «Ҳама чизро мо худамон таъмин мекунем.»

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Шарофат 24.08.2017 11:38

    Офарин, шербачахои точик! Мо аз Шумоён ифтихор мекунем!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.