Олимони руссиягӣ дар пирамидаи Хеопс ҳуҷраи навро кашф намуданд

Моҳи ноябри соли гузашта дар ВАО-и Русия хабари кашф шудани як ҳуҷраи номаълум дар аҳроми Хеопс паҳн гардида буд. Акнун ба мутахассисон имкон пайдо шуд, ки дохили онро муайян созанд.

Пирамидаро солҳои зиёд аст, ки гурӯҳи тадқиқотчиёни Scan Pyramids кофтукобҳои археологӣ гузаронида истодаанд. Яке аз муҳаққиқон  Евгений Черняев,  мутахассиси соҳаи физикаи лабораторияи  Донишгоҳи давлатии Томск мебошад, ки тавонист ин ҳуҷраро бо воситаи барномаи физикии ихтироънамудааш кашф намояд.

Олимон муътақид бар онанд, ки ин ҳуҷра дар назди  роҳраве ҷойгир аст. Ин роҳрав ба ҳуҷраи «хоб»-и Фиръавн мебарад. Ҳуҷраи кашфшуда дарозии наздик ба 30 метрро ташкил медиҳад ва баландиаш 15 метр мебошад. Ин ҳуҷра бо кадом мақсад сохта шудааст, то ҳол маълум нест.

Таҳияи С. Розиқзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *