Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рамазон чӣ таърих дорад?

Инак, моҳи шарифи Рамазон даррасид. Тамоми мардуми мусулмон аз қудуми мубораки моҳи шариф хурраму шоданд. Дар ин моҳ мардум дар назди Худованд яке аз қарзҳои худро баљо меоваранд.

Рӯза кай пайдо шудааст? Он дар аввал чанд рӯз буд? Кӣ онро як моҳ муқаррар кард? Киҳо аз рӯза озоданд? Ин моҳ чӣ фазилат дорад?
Ин ҳамон саволҳоеанд, ки ҳамеша мавриди баҳсу мунозира қарор доранд. Ба шарафи омадани моҳи шарифи рамазон, барои ба хонандагон додани маълумот дар бораи таърихи рамазон бо рўњонии шинохта Домуллои Зарафшонї сњҳбат оростем. Мутаваљљеҳ бошед.

-Бобои Домулло! Сўњбати имрўзаи мо дар боби таърихи рўза ва рўзадорист. Ќаблан мегуфтед, ки чаро рўза мањз дар моњи Рамазон меояд?
-Бисмиллоњир-рањмонир-рањим! Моњи шарифи Рамазон аз замоне, ки Худованд заминро офарид, бо њамин ном вуљуд дошт. Дар Ќуръони азимушшаън омадааст, ки аз он ваќт адади моњњо 12-то буд: Муњаррам, Сафар, Рабиулаввал, Рабиуссонї, Љамодулаввал, Чимодуссони, Раљаб, Шаъбон, Рамазон, Шаввал.

Дар замони Одам (а) њам рўзагирї буд. Ќавмњои пешин њам, пайѓамбарњо њам рўза мегирифтанд. Ваќте Худованд барои уммати Муњаммад (с) дини исломро дини барњаќ шуморид, барои мардуми мусулмон супориши ќатъї дод, ки њаќ гардонида шуд дар болои шумоён рўза доштан, њамчуноне, ки бар ќавмњои пешин рўза доштан фарз буд.

— Аз ибтидо магар рамазон 30 рўз буд?

-Бале, аммо ќавмњои Мўсо (а)-ро 30 рўз гирифтани рўза мушкил омад ва онњо гуфтанд, ки рўза як рўз аст. Худо он ќавмро бо Фиръавн дар дарё ѓарқ кард, барои он ки аз амри Худованд берун рафтанду ба он мувофиќи хости худ таѓйирот ворид карданд. Ќавмњои дигар ваќте Рамазон дар зимистон омаду рўзњо кӯтоҳу салқин буд, шумори рӯзҳои рамазонро ба 50 рўз расонданд. Яъне онњо рўзњои рамазонро аз фармуди Худованд зиёд карданд. Аммо ваќте оњиста-оњиста Рамазон ба фасли тобистон рост омад, онњо тоќати 50 рўз рўза гирифтан накарданду ба љазои Худованд гирифтор шуданд. Худованд ба расулаш Муҳаммад (с) супориш дод, ки монанди ќавмњои пешин рамазонро каму зиёд накунанд. Дар ояте омадааст: «Шањру рамазон». Яъне, моњи рамазон як моњи мукаммал аст. Баъзе мардум аз рўи бефањмї рамазон як рўз гуфта аз аввал аз миён ва охири моњ рўза мегиранд. Агар касе ба ин эътиқод бошад, гунањкор мешавад. Дар ояти сањењ омадааст, ки «Шањру рамазоналлози». Яъне, моње, ки дар он Ќуръон нозил шуд, моњи њидояткунандаи мардум асту њаќро аз ботил људо мегардонад. Ваќте умматони пайѓамбар (с) амри Худовандро ќабул карданд, њама растагор шуданд.

-Боиси 10 рўзї пеш рафтани моњњо дар чист?

Моњњои мелодї 365 рўзро дар як сол ташкил медињанд. Солњои њиљрї- ќамарї, яъне, моҳтобї 354-355 рўзанд, ки ба њамин сабаб моњи Рамазон њар сол 10 рўз пеш меравад. Њамин тавр дар давоми 36 сол моњи Рамазон як давр мехўрад. Имсол, ки 18-уми август моњи Рамазон оѓоз меёбад, пас аз 36 сол боз дар њамин рўз ё ягон рўз пеш ё ќафо моњи рамазон меояд. Њар касе зинда бошад, метавонад ин гуфтаи моро бисанљад.

-Чї гуна кас метавонад, аз гирифтани рўза озод бошад?

-Худованд вазъи бандагонашро ба назар гирифта барои баъзе инсонњо сабукињо додааст. Агар кас тандуруст бошаду дорои шароит, бояд рўза бигирад. Аммо шахсоне, ки ќудрат надоранд, модароне, ки тифли синамак доранд, ба хотири бе ѓизо намондани тифл аз гирифтани рўза озоданд. Он касе аз рўза озод аст, ки сабаби шаръї дорад. Шахсони тандурусту солим бањона љуста наметавонанд.

Моњи шарифи Рамазон –ин њама файзу баракат аст. Ваќте моњи Рамазон омад, дарњои љаннат кушода мешаваду Худованд дарњои дўзахро баста мекунад. Тамоми шайтонњою љинњоро Худованд занљирбанд мегардонад. Дар ин моњ Худованд рањмату махфираташро болои уммати расулаллоњ (с) мерезонад.

-Онњое, ки ба сабабњои узрнок ё бе сабаб, махсусан љавонњо рўза намегиранд, аммо дар кўчањо дар љойҳои љамъиятї дар пеши назари рўзадорон истеъмол мекунанд. Чї бояд кунанд, ки ба рўзадорон сахт нарасад?

-Онњое, ки дидаю дониста, бе сабаб рўзаро мехўранд, фардо дар назди Худованд љавоб мегўянд.Њикоятест, ки рўзе яњудие ба бозор рафта ва мебинад, ки фарзандаш дар назди рўзадорон хўрок хўрда истодааст. Яњудї як шаппотие ба рўи фарзандаш зада мегўяд, ки: «Эй нохалаф! Ту намедонї, ки ин мардум рўзадоранд. Ту эњтироми ин мардумро намекунї, ки рўза барояшон фарз аст? Ту чаро дар пеши назари инњо хўрок мехўрї?»

Мегўянд ваќте он яњудї аз дунё гузашт, Худованд њамаи гуноњњои ўро бахшид, ба он хотир, ки њурмату эњтироми Ќуръону мардуми мусулмонро ба љо овард. Одамоне, ки рўзаро мехўранд дар хона ё дар љое хўранд, ки чашми рўзадорон наафтад.

Рўза доштанро одамон набаровардаанд, балки амри Худованд аст.

-Ба ѓайр аз моњи Рамазон боз кадом моњ ва дар кадом рўзњо рўза гирифтан мумкин аст?

-Дар моњњои дигар рўза гирифтан маљбурї нест. Балки бо ихтиёри њар кас аст, ки барои савоб рўза мегирад. Метавонад, ки дар моњњои дигар се рўзи аввал, се рўзи миёна ва се рўзи охир рўза дорад. Ё метавонад, ки як рўз рўза гираду як рўз хўрад. Ин њама боз мегўям, ки маљбурї нест. Пайѓамбарамон (с) гуфтаанд, ки бењтарин рўза рўзаи Довуд (а) аст (як рўз пас рўза гирифтан-у.ш.). Баъзе мардум ба ѓайр аз моњи Рамазон боз тамоми сол рўза медоштанд. Боз рўзаи суннатї њаст, ки онро пайѓамбарамон (с) мегирифтанд. Яъне, рўзи душанбею рўзи шанбе рўза мегирифтанд. Њазрат мегуфтанд, ки рўзи душанбе рўзи таваллуди ман асту рўзи пайѓамбар шудан. Рўзи панљшанбе рўзи аъмоли якњафтаинаро ба сўи Худованд бурдан аст. Он рўз сандуќи аъмоли умматони маро дар назди Худованд кушода аъмолњои якњафтаинаашро дар он гузошта боз мепўшанд. Аз ин рў, дар рўзњои таваллуду пайѓамбаршавї ва аз кушодан то пўшида шудани сандуќи аъмоли умматонам ман рўза мегирам.
Бењтарин рўза рўзаи рўзњои душанбею панљшанбе аст. Боз мегўянд, ки пайѓамбарамон (с) пеш аз моњи Рамазон моњи Шаъбон 10-15 рўз рўза мегирифт.
Баъзан тамоми моњи Шаъбон рўзадор мегашт. Бинобар он, њар касе хоњад, дар моњи Шаъбон 10-15 рўз аз он камтар рўза гирад, савоб аст.

-Ин њама барои савоб аст?

-Бале, маљбурї фаќат моњи Рамазон асту рўзањои қазої. Масалан, касоне њастанд, ки моњи Рамазон дар сафаранд, дар корњое њастанд, ки имкони рўзагирї надоранд ё бо узрњои дигар. Онњо пас аз Рамазон, бо пайдо шудани имкон рўзаи қазої мегиранд.

Духтарчањо аз 9 солагї ва писарњо аз 12 солагї вољиби рўзагирї мешаванд. Њамаи он солњое, ки кас рўза намегирад, дар гарданаш ќарз аст.

-Аз фазилатњои моњи шарифи Рамазон боз ёдрас мегаштед.

-Чуноне дар боло гуфтем, кушода шудани дарњои љаннат, мањкам шудани дарҳои дўзах, ба рўи умматон рехтани рањмат аз фазилатњои моњ аст. Баъд, ин моњ се дањаи бузург дорад. Дањаи 1-ум аз рўзи якум то рўзи 10-ум, яъне 10 рўзи аввал -ин дањаи рањмати Худованд аст.
Аз рўзи 11-ум то 20-ум дањаи махфират аст, яъне Худованд гуноњњоро махфират мекунад. Ва 10 рўзаи охирон озод кардани гунањкорон аз дўзах аст.
Расулаллоњ мегўяд, ки њар касе моњи Рамазон аз рўи имон, хос аз барои Худо рўза мегирад, Худо тамоми гуноњи гузаштаашро махфират мегардонад. Дуздї кард, ѓоратгарї кард, аммо чун моњи Рамазон холисанлиллоњ рўза гирифт, гуноњњояш бахшида мешавад, ба шарте, ки дуюм маротиба боз он гуноњхояшро такрор накунад.
Саховатњои ин моњ зиёданд. Мардум бештар таъом мебароранд, хайру саховат мекунанд, ба камбаѓалон ёрї мерасонанд, закоти ин моњро месупоранд.

-Садаќаи моњи фитро мардум бояд ба кї дињанд?

-Албатта ба камбаѓалон, ба мардуме, ки сатњи пасти зиндагї доранд, дињанд. Имрўз њам чунин одамон бисёранд. Хоњ њамсоя бошад, хоњ аз роњи дур ба чунин касон додани садаќаи моњи фитр савоб аст. Дар мо дорандањо хеле каманд.

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.