Рамазон ва нос

Моҳи шарифи Рамазон мувофиқи таълимоти исломӣ моҳи нузули Қуръон, моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи аз ҳоли беморон ва муҳтоҷон хабардор шудан ва моҳи аз буғзу адоват дур будан аст.

Моҳи Рамазон моҳи сулҳу субот ва покӣ аз нифоқ аст. Худованд рӯзаро аз байни дигар ибодатҳо ихтиёр намуда, мегӯяд: “Вақте касе аз шумо рӯзадор бошад, ҳаргиз сухани беҳудаву зишт нагӯяд ва доду фарёд накашад ва аз аъмоли ҷоҳилона парҳез намояд. Агар касе ӯро дашном диҳад ё  ба ҷанҷол бархезад, ба вай бигӯяд: “Ман рӯзадор ҳастам, ман рӯзадор ҳастам”.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ин моҳ бояд мусалмони комил амалу рафтореро анҷом диҳад, ки аз дасту забонаш касе озор наёбад. Дар ҷомеаи имрӯза бо баъзе аз афроде  вохӯрдан мумкин аст, ки бисёр асаби ҳастанду бо неши забонашон одамони зиёдро озор медиҳанд. Ин асабоният аз рӯйи одат ба нос мебошад.

Ҳар инсоне, ки носро истифода  мекунад, дар ин моҳи муборак махсусан пас аз нисфирӯзӣ ки гуруснагӣ ва ташнагиро эҳсос мекунад, хумори  кашидани нос мегирад. Азбаски моҳи Рамазон онҳоро аз истифодаи он маҳрум сохтааст асабӣ мешаванд ва бо ҳар баҳонае ҷангу хархашаро ба миён меоваранд.

Ин ҳолатро ҳамарӯза дар симои ронандагон, атрофиён ва дигар ашхосе, ки ба ин дард гирифторанд метавон мушоҳида кард. Бисёре аз мардон ба ин амал одат карда, ҳамарӯза дили чандин нафаронро озурда мекунанд.

Модоме ки моҳи Рамазон айёми тоату ибодат, мактаби парҳезгорӣ, ҷавонмардиву саховат, раҳмату мағфират, оромиву осоиш ва файзу баракат дар хонадони ҳар яки мост, пас чаро аз рӯйи ин одат ё омили бад дили якдигарро ранҷонему худро гунаҳгор созем.

Раҳматов Некқадам, донишҷӯи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *