Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

9 васияти Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ пеш аз марг

Дар поёни нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон, қалби яке аз рӯҳониёни саршиноси кишвар Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар синни 80-солагӣ аз тапидан бозмонд. Марҳум яке аз чеҳраҳои саршинос ва таъсиргузори кишвар буд.

Дар зер 9 васияти Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ки чанде пеш аз марг ба яке аз шогирдонаш гуфтааст:

1. Пайваста бо таҳорат бошед. Таҳоратро ба таври комил бигиред:

2. Пойҳоро дар таҳорат пурра бишӯед;

3. Китоби Фарзи айн ва Чаҳоркитобро ба фарзандон биомӯзонед , онҳо муҳимтарин китобҳои ҳанафӣ мебошанд:

4. Сари луч, яьне бидуни тоқӣ ва амома намоз нахонед:

5. Дар хатми намоз се дуо намоед мутобиқи таьлимоти Имоми Аьзам ( р):

6. Дар ҳангоми сафар намозҳои суннатиро ҳонед. Касоне, ки намозҳои фарзиро ҳонда, намозҳои суннатиро намехонад, намозаш назди Худо қабул намешавад: Воиз ва мавлавиҳои салафӣ, аз ҷумла, хатмкардаҳои Покистону дигар марказҳои динии бемазҳабон аз мазҳаб ғофиланд. Фатвои онҳо моҳияти ҳанафӣ надоранд.

7. Тавассути интернет таьлими динӣ нагиред, Исломро назди уламои ҳанафӣ биомӯзед;

8. Кӯдаконро аз ҳурдсолӣ ба омӯзиши Ислом ташвиқ намоед, то дар ин айём бо намозхонӣ шурӯь намоянд.

9. Намоз болу пари мусалмон аст. Дар хурдсолӣ болу парҳои кӯдаконро қать накунед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.