Шахсиятҳое,ки дар як моҳ аз даст додем…

Моҳи шарифи Рамазон ба поён расид. Дар ин моҳи барои мусулмонон муборак, иддае аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаб, фарҳангу сиёсат моро тарк  карданд. Мардуми мусулмон муътақиданд:  онҳое, ки дар ин моҳ ба дорулбақо мепайванданд, аз раҳмату мағфирати Худованд бархӯрдоранд.

Аввалин нафаре, ки дар рӯзи авали моҳи Рамазон, санаи 7 июн, дар синни 84- солагӣ дунёро падруд гуфт, нависанда, публитсист, собиқ вазири фарҳанг ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар  Султон Мирзошоев буданд. Ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш, ноҳияи Данғара сурат гирифта, он ҷо ба хок супорида шуд.

Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими давлативу сиёсӣ, вакили умрбоди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, як рӯз пас, яъне 8 июн дар синни 84- солагӣ, пас аз бемории начандон тӯлонӣ дунёро падруд гуфт. Қаҳҳор Маҳкамович бо васияти худаш дар қабристони Сари Осиёи пойтахт ба хок супорида шуд.

Адвокати шинохта ва вакили парвандаи пурсарусадои соҳибкор Зайд Саидов Исҳоқ Табаров бошад, санаи 13 июн тарки дунё кард. Ба гуфти пайвандонаш, Табаров баъди бемории сактаи қалб дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе вафот карда, дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат ба хок супорида шуд.

Ровии машҳури радио, рӯзноманигор Шарифи Мисайзод 16  июн дар синни 50 — солагӣ бар асари сактаи қалб аз дунё даргузашт. Ҷанозаи Мисайзод дар зодгоҳаш ноҳияи Восеъ хонда шуда, ҳамон ҷо дафн гардид.

Нахустин академикзан дар риштаи филология Хуршеда Отахонова дар синни 84-солагӣ дар пайи фишорбаландӣ дунёро тарк кард. Марги академик Отахонова барои илми филология талафоти бузург аст ва  ӯ низ дар қабристони Сари Осиё ба хок супорида шуд.

Луъбат Бурҳонова яке аз аввалин наттоқони телевизиони тоҷик 2 июл аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ бо ӯ дар хонааш гузашта, дар Душанбе  ба хок супорида шуд.

Ҳамчунин, 2 июл донишманди маъруфи тоҷик, адабиётшинос Раҳими Мусулмониён пас аз бемории тӯлонӣ тарки дунё кард. Номбурда, пас аз бозгашт ба Ватан аз соли 2006 ба ин сӯ аз бемории фаромӯшхотирӣ ранҷ мебурд. Ҷанозаи марҳум дар Душанбе баргузор шуда, ӯро низ дар оромгоҳи Сари Осиё дафн карданд.

Шаби 4 ба 5 июл қалби овозхони маъруф Субҳони Саид аз задан бозмонд. Ӯ солҳои охири умрашро дар бистари беморӣ сипарӣ мекард ва панҷ рӯзи охир ба беморхонаи марказии шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд, ки он ҷо ҷон дод. Ҷанозаи Субҳон Саид дар дараи Алмосии водии  Ҳисор баргузор шуда, он ҷо дафн гашт. Ин ҳанӯз рӯйхати пурра нест. Миёни онҳо нафарони касбу кори дигар низ моро тарк карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *