Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сил: Беморон аз табобатпулӣ метарсанд,  аммо табобат ройгон аст

 Бино ба иттилои силшинос, сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ёқубов Ҷумъа Тоиров соли 2015 дар вилоят 541 нафар аз бемории сил сироят ёфтаанд. Дар нимсолаи соли 2016 бошад,  ин таъдод ба 453 нафар расидааст.  Ба гуфти номбуда шумораи умумии беморон дар марҳилаи аввали сил қарор дошта, ба хотири сари вақт бартараф кардани беморӣ ва сироят накунонидани атрофиён бистарӣ шудаанд.

Шарипова: Худам худамро касал кардам

Шарипова Ниёзбибии  28-сола тӯли 23 рӯз аст, ки дар беморхонаи “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и  ноҳияи  Мастчоҳ бистарӣ аст.  Ин зан соҳиби се фарзанд буда, оғози моҳи июл ба бемории сил  гирифтор шудааст: — Дар моҳи Рамазон ташна мемондам ва вақти ифтор оби аз сардро зиёд менӯшидам. Гоҳо дар нисфирӯзӣ, ки гармии  ҳаво дучанд мешавад  рӯймол ва либосҳоямро ба оби хунук тар мекардам.  Пас аз моҳи мубораки Рамазон дар худам каммадорӣ ва баста шудани иштиҳоро эҳсос кардам. Танҳо дар давоми 15-20 рӯзи моҳи июл вазнам аз 60 кг ба 54 кг расид. Наздиконам тавсия доданд, ки ба духтур муроҷиат кунам. Баъди муоинаи тиббӣ муайян гашт, ки аз сабаби камғизову камқувват шудани организмам ба бемории сил гирифтор шудаам,  — мегӯяд Шарипова.

Айни ҳол ҳар се фарзандонам ҳам  доруҳои зиддисилиро пайваста истеъмол карда истодаанд, ки табобати онҳо 9 моҳ  тӯл мекашад.  Чун худам, ки баъди тамоми аломатҳои касалӣ дар организмам зоҳир шудан баъд ба беморхона омадам, мақоли “Пешгирӣ беҳ аз табобат”-ро ба ҳарду гӯшам ҳалқа карда, баъди ду-се рӯзи аз муоинаи тиббӣ гузаштанам фарзандонамро ба духтур овардам. Хушбахтона, онҳо сироят наёфтаанд. Баъди ба табобат фаро гирифта шудан дар худ бисёр сабукиҳоро эҳсос карда истодаам.

Бемории сил инфексионӣ ва иҷтимоӣ мебошад

Бемории сил инфексионӣ ва иҷтимоӣ мебошад. 68%-и бемории сил сили шуш аст, ки ҷузъ нохун ва мӯй дигар ҳама аъзои инсон метавонад мубталои ин беморӣ гардад.  Ба гуфтаи Охунов  сабабҳои дар сатҳи баланд қарор доштани гирифторшавӣ ба бемории сил ин пеш аз ҳама сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба ин намуди беморӣ, тамғагузорӣ нисбати бемории сил, мушкилоти кадрӣ, шароити пасти зиндагии баъзе аз гурӯҳҳои одамон (шароити пасти зисту зиндагӣ, зичии аҳолӣ, норасоии ғизо, бекорӣ, маоши паст, майнӯшӣ ва проблемаҳои коммуналӣ), маҳдудияти дастрасии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманд ба хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст, авҷи муҳоҷират, паҳншавии ВНМО ва проблемаҳо вобаста ба бемории сил дар маҳбасҳо мебошад — мегӯяд Мақсуди Охун, силшинос, номзади илмҳои тиб.

-Барои дарёфти усулҳои бемории сил мо масъулон аз санҷиши  манту (ҳолати сироятшавиро нишон медиҳад), санҷиши балғам бо усули микроскопия, санҷиши балғам по усули мошинаи махсус, ки  GeneXpert (ҷен эксперт) ном дорад — усули нави замонавии фаврӣ (2 соат), усули кишти балғам (бо 2 намуди усул: дар муҳитҳои сахт (Ливентейн — Йенсен) ва усули нави замонавӣ  дар муҳитҳои моеъ (Бактек) ва санҷиши рентгениро истифода мебарем, — мегӯяд силшинос Мақсуди Охун. — Маҳз ба роҳ мондаи усулҳои  номбурда шароит фароҳам овард, ки сатҳи бемории сил дар кишвар бамаротиб кам гардад.

Мафтуна: Аз тарси  ҳамсояҳо пинҳонӣ табобат гирифтем

Тибқи моддаи 42-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи саломатии аҳолӣ» (1997) шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷувзон (лепра), ВНМО, таносулӣ ва дигар бемориҳои хавфнок вазифадоранд, ки бо талаби муассисаҳои тиббӣ муоина шаванд ва худро табобат кунанд. Агар шаҳрвандон аз муоина ва табобат саркашӣ намоянд, онҳо ба беморхона маҷбуран оварда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ ташхис ва табобат карда мешаванд. Аммо имрӯз ҷой доштани фикру гумони ғалат дар дилу сари бемор ва ҳам атрофиёнаш водор мекунад, ки ин талаботи қонунро нодида гиранд, яъне бемории худро пинҳон доранд, то дигарон ба онҳо рӯй турш накунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб аксарият он нафароне, ки баъди касалиро куҳна кардан ба духтур муроҷиат мекунанд ва ё баъди аз пои равон монда бистарӣ шудан ба бемории худ қоил мешаванд, побанди гумонҳои ботиланд.

 Зимни баргузории тренниг (оид ба бемории сил) аз  суҳбат бо беморони сиҳатёфта маълум гардид, ки имрӯз фикри хатои худи бемор ва атрофиёнаш боиси зиёдшавии намудҳои гуногуни бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил мегардад. Пас саволи мутлақ ин аст: кадом фикри хато?

Мафтуна Икромова (ном ба хоҳиши қаҳрамон дигар карда шуд) мегӯяд:

— Худам муҳассили коллеҷи тиббӣ будам ва оид ба пайдоишу нишонаҳои беморӣ маълумот доштам. Аммо бехабар аз он ки бемории сил кайҳост, ки дар тани ман меҳмон гардида будааст. Рӯзҳои таҷрибаомӯзӣ буд, ки ҳолатам каме бад шуд. Як-ду рӯз ба практика ҳам нарафтам. Рӯзҳои  дуюму сеюми хонанишинӣ  кор то ба ҷое расид, ки дигар маҷоли аз ҷой хестан накардам. То он даме, ки хунқаъйкуниро дар худ надидам, ҳеҷ гумон надоштам, ки гирифтори бемории сил ҳастам. Фақат баъди ҳамин ба духтур муроҷиат кардем. Муайян шуд, ки гирифтори бемории сил гаштаам. Бо тавсияи духтурон дар маркази силшиносии беморхонаи ҷамоати Деҳмой бистарӣ шудам. Чор моҳ маро табобат карданд. Аз сабаби он ки дар давоми беморӣ аллакай модар, хоҳар ва ҳам бародарамро сироят кунонида будаам, ҳамаи мо як-як аз паи табобат шуданд.  Дар ҳамин ҳол хуб эҳсос кардам, ки муносибати атрофиён ва хешовандон бо ман нисбат ба  пештара тағйир ёфтааст. Онҳо кӯшиши аз ман канорҷӯиро мекарданд. Маро гирифторӣ ба беморӣ не, балки дигаргун шудани муносибати хешовандон бемор ва дилгир мекард. Барои ҳамин вақти хоҳарамро бистарӣ кардан ба хешону ҳамсояҳо дурӯғ гуфтем, ки ба Душанбе хонаи холаам рафтааст. Додарамро бошад, ба лагер фиристодем гуфтем,  аз тарси он ки рафтуояшонро бо мо канда накунанд.

                     Як нафар бемори сил  чанд нафарро сироят мекунонад?

 Сил, ки бемории сироятӣ аст, он бо воситаи роҳҳои нафас: Ҳангоми сулфа, атса, туф кардани балғам ва ҳангоми суҳбатҳои тӯлонӣ аз масофаи наздик дар фазои маҳкам бо бемори хориҷкунандаи сил МБТ-мегузарад.  Як бемори сили хориҷкунандаи МБС дар як сол ҳангоми ба табобат фаро нагирифтанаш метавонад 10-15  нафарро сироят кунад. Силшиносон мегӯянд, ки  аз одамони сироятёфта дар тӯли ҳаёташон метавонанд 5-10%-шон ба сил гирифтор шаванд, ҳангоми паст шудани масунияти баданашон (вазъи психологӣ, дигар бемориҳо).

Ба гуфти силшинос Охунов дар ҳоли сари вақт ба табобат фаро гирифта нашудани бемор  он беморӣ ба шакли  мутобиқгашта  мубаддал мегардад.  Табобати ШМС  (шакли мутобиқгаштаи сил)  аз 20 то 24 моҳ буда,  табобат бетанаффус сурат мегирад, яъне натанҳо то беҳтар шудани аҳволи бемор, балки то пурра шифо ёфтани давраи табобат.  Табобати ҳамаҷониба бо  истифодаи якҷояи якчанд доруи зиддисилӣ, танҳо дар якҷоягӣ онҳо метавонанд барангезандаи силро нобуд созанд.

Кишварҳои силзада кадомҳоянд?

 Сомонаи интернетии «Тубер-ез.com», кишварҳои аз ҳама беш силзадаро рӯйи варақи сомона овардааст, ки инҳоянд: Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Тайланд, Индонезия, Филиппин, Хитой, Бразилия, Мексика, Эфиопия, Амрикои Шимолӣ ва Русия.  Ҳарчанд ба ин рӯйхати сиёҳ шомил нагардидани кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, боиси хушҳолист, вале вазъи бемории сил дар ҷумҳурӣ чун дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ташвишовар боқӣ мемонад.

ТАБОБАТ РОЙГОН АСТ, АММО…

Дар тафаккури мардум чунин андеша ҷой гирифтааст, ки имрӯз «салому алейк» бо духтурон пулакӣ аст. Яъне, аз қадамҳои аввал ба беморхона маблағсарфкунӣ оғоз мешавад. Аммо онҳо бехабар аз онанд, ки табобати бемории сил комилан ройгон аст. Новобаста аз он ки шароити иқтисодии бемор чӣ гуна аст, ӯ ҳуқуқ дорад бистарӣ шавад ва табобат гирад. Ҳатто аксарият, дар ҳоле ки нишонаҳои ин бемориро эҳсос мекунанд, кӯшиш менамоянд онро ба зукоми оддӣ рабт дода, ба беморхона нараванд. Яъне, аввалан хоҳиш надоранд, сониян аз сарфи маблағ ҳарос доранд.  Вале  ҳамон  «зукоми оддӣ»  касро аз силу  фалаҷшавӣ то  бемориҳои шадиду марг оварда мерасонад. Пас мебояд ҳар яки мо баҳри саломатии худ боэътибор бошем ва масали машҳури мардумии “Пешгирӣ беҳ аз табобат”- фаромуш накунем.

Фарзона Муродӣ,

шаҳри Хуҷанд

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.