Собитсозӣ  фоидаи рӯза Ҷоизадори Нобел  шуд

Кумитаи ҷоизаҳои Нобел Ёсинори Осумиро чун барандаи ин ҷоиза дар соҳаи тиб муаррифӣ кард. Осумӣ мутахассиси ҳуҷайраҳои биоложӣ буда, дар Донишгоҳи техноложии Токио кор мекунад. Ин ҷоиза барои кашфиёташ дар механизмҳои аутофагия эъто шуд.

Аутофагия – ин тавоноии ҳуҷайраҳо ба дур андохтан ва коркарди бахшҳои нолозиму нохоста, ки дар бадани инсон ҷамъ шудааст, мебошад. Худи калимаи аутофагия юнонӣ аст ва онро метавон  чун худғизоӣ ё худтағзия тарҷума кард. “Аутофагия барои бисёре аз равандҳои физиологӣ хеле муҳим аст, бахусус ҳангоми мутобиқ шудан ба гуруснагӣ ва ҳам ба сифати посух ба сироятҳои гуногун”,- омадааст дар варақаи матбуоии Кумитаи ҷоизаҳои Нобел. Худи падида ҳанӯз солҳои 60 асри гузашта кашф шуда буд. Аммо ҷузъиёти бештар ва мушикофонаи онро танҳо солҳои 90 кашф карданд ва дар ин хизмати физиологи ҷопонӣ Осумӣ бузург аст. Аутофагия дар ҳамаи ҷонҳои зинда дида мешавад. Ин тавоноии ҳуҷайраҳо барои тоза кардани худ аз маводҳои нолозим ва заҳрогин, ҳамчунин имкони тоза кардани ҳамаи бадан аз роҳи нобуд сохтани ҳуҷайраҳои нолозим мебошад. Худи ин мафҳум, ки организм тавоноии онро дорад, ки дар сатҳи ҳуҷайраҳо худро ба низом медарорад, тааҷҷуббарангез аст. Ин раванд ба таври механикӣ анҷом мешавад, “партовҳо” ва ҳамаи он чизҳое, ки зиёдатӣ ва ё зараровар ба назар мерасанд, ба таври мудавом дар халтаҳои вежа – аутофагосомҳо бастабандӣ мешаванд. Баъдан ин “партовҳо” ба зарфҳо-лизосомаҳо чида мешаванд. Дар ин зарфҳо “партовҳо” вайрон ва коркард мешаванд. “Маҳсулоти хоми навъи дуюм”, ки аз ин раванд ҳосил мешавад, ба тавлиди гармӣ барои организм истифода мегардад. Ва аз ҳамин ҳатто блокҳои ҷадиди бунёдкоре тавлид мешаванд, ки барои навсозии ҳуҷайраҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Таснифоти хеле ҷолиби илмист ва барои хонанда то ҳадде мароқовару боварнакарданист. Вале Осумӣ чанд даҳсола кушоишҳои илмиашро ба ҳамин мавзуъ ихтисос додаву зина ба зина ба ин натиҷа расидааст. Аутофагия барои он муфид аст, ки ба шарофати он ҳуҷайраҳои бадан аз инфексияҳо ва моддаҳои заҳрогин тоза мешаванд. Ин олим мегӯяд аутофагия ҳангоми стресс хеле фаъол мешавад. Ҳамчунин ҳангоми гуруснагӣ. Дар гуруснагӣ ҳуҷайра аз ҳисоби захираҳои дохилии худ, ки аз коркарди ҳамон “партовҳо” ҳосил кардааст, энержӣ тавлид мекунад.Ба ҳамин минвол ин олими ҷопонӣ бори дигар илман исбот кард, ки гуруснагӣ ва рӯза доштан барои инсон фоида дорад. Дар ҳақиқат дар ин ҳолат организм тоза мешавад ва ҳоло ин аз ҷониби Кумитаи ҷоизаҳои Нобел низ тайид шудааст. Аутофагия на танҳо организмро тоза мекунад, балки онро аз пиршавии бармаҳал ҳифз намуда, ҷавон месозад. Ба Ёсинори Осуми муяссар гардид, ки исбот намояд: гуруснагии кутоҳмуддат муфид аст, он ба тозашавии организм мусоидат мекунад, ҳуҷайраҳоро ҷавон мекунад.  Ҳангоми муддате даст кашидан аз истеъмоли хӯрок организм ба стресс дода мешавад ва ин ҳолат ба фоидаи он аст. Стресс дар ин ҳолат аутофагияро ба кор мендозад ва он ба таври табиӣ организмро аз ҷамъшавии моддаҳои зараровару заҳрогин ва бактерияҳои касалиовар ҳифз мекунад.  Ҳамин тариқ бори дигар, дар даҳаи дуюми садаи 21 олимон ба ин натиҷа расидаанд, ки гуруснагӣ муҷиби ҷавонии организм ва покии тоҳир шудани он мегардад. Нуктае, ки беш аз 1400 сол ба инҷониб Қуръон ба он таъкид ва пайравонашро ба рӯза доштан ташвиқ мекунад ва ҳатто онро фарзи Илоҳӣ медонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *