Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

СУҒД: Боздошти  роҳиби ифротгарои масеҳӣ  

 

Баҳром Холматов, як роҳиби калисои протестантӣ дар вилояти Суғд дар пайи кашфу мусодираи адабиёти масеҳӣ дар калисои “Sunmin Sunbogym” бо иттиҳоми ифротгароӣ аз ҷониби мақомоти амниятии вилоят боздошт гардидааст. Дар ин бора хабаргузории «Forum18» хабар дод.

Аммо то ҳол ин хабар аз ҷониби мақомоти расмии кишвар тасдиқи худро наётааст.

Хабаргузории Forum18, ки ахбори мазҳабиро дар кишварҳои ҷаҳон пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 10 апрел дар вилояти Суғд роҳиби калисои “Sunmin Sunbogym” Баҳром Холматовро ба ҳабс гирифтаанд. Боздошти роҳиби ин равияи протестантии дини масеҳӣ, ба гуфтаи манобеи ин хабаргузорӣ, дар пайи кашф ва мусодираи адабиёти масеҳӣ дар ин калисо сурат гирифтааст.

Пайравони ин равияи дини масеҳӣ дар вилояти Суғд бидуни бурдани ном ба хабаргузории Forum18 гуфтаанд, “аъзои хонаводаи роҳиб Холматов намедонанд, ки Кумитаи амният бо ӯ чӣ кор кардан мехоҳад.” Онҳо гуфтаанд, дар бораи шароити нигаҳдорӣ ва вазъи сиҳҳати Баҳром Холматов баъди боздошташ маълумоте надоранд.

 Forum18 менависад, амалиёти муштараки Кумитаҳои амнияту дин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар калисоҳои “Sunmin Sunbogym” моҳи феврал оғоз ёфта, дар моҳи март як калисои ин равияи дини масеҳӣ дар шаҳри Конибодом баста шуд ва Баҳром Холматов дар пайи анҷоми чунин амалиёт дар калисои “Sunmin Sunbogym” дар шаҳри Хуҷанд дастгир шуд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.