Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Туркманистон: Масҷидҳо дар рамазон баста нашуд

Дар моҳи шарифи рамазон новобаста аз даҳшати коронавирус дар ҷаҳон, дари масоҷидҳои Туркманистон ба рӯи намозгузорон баста нашуд. Дар ин бора “Супудник” хабар медиҳад.

Бино ба иттилои намозгузорон онҳо имкони панҷ вақт озими масҷид шудану намоз гузоштанро доранд. Ҳамчунин намози «таровеҳ» низ бо иштироки теъдоди зиёди намозгузорон баргузор мешавад.

Дар рӯзи нахустини ин моҳи муборак, раисҷумҳури ин кишвар Қурбонгули Бердимуҳаммедов худ озими масҷид шуд ва дар иҳотаи намозгузорон ибодатро ба ҷо овард.

Бояд гуфт, ки Туркманистон ва Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ИДМ, аз маризии сироятии коронавирус дар амон монданд. Аммо Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ намудан аз паҳншавии ин маризӣ, тасмим гирифт дари масҷидҳҳоро барои намозгузорон ба муддати номуайян маҳкам кунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.