Ваксина рӯзаро мешиканад? Посухи Шӯрои уламо

масъулини Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯянд, эмгузаронӣ ба доштани рӯза халал намерасонад.

Бино ба муроҷиатномаи Шӯрои уламои Тоҷикистон, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳар чизе, ки сабаби ислоҳи бадан бошад ва аз роҳи аслӣ, ки иборат аз ҳалқ ва бинӣ аст, вориди меъда шавад, рӯзаро фосид месозад.

«Аммо дар ҳолати пеш омадани зарурат ва бартараф намудани хатар давоҳое, ки ба василаи сӯзандору дар бадан ворид мешаванд, агарчи сабаби ислоҳи бадан ҳастанд, вале чун аз ғайри роҳи аслӣ ба воситаи хун ба бадан дохил шудаанд, рӯзаро намешикананд ва фиқҳи муосир низ ин матлабро таъйид мекунад”, — омадааст дар муроҷиати Шӯрои уламо.

Қаблан марказҳои фатвои кишварҳои исломӣ, назири Арабистони Саудӣ, Миср, Кувайт, Баҳрайн, инчунин кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон — Ӯзбекистону Қазоқистон низ фатво доданд, ки бино ба онҳо, гирифтани ваксинаи зидди Ковид -19 рӯзаро намешиканад, зеро он ғизо ба шумор намеравад ва баданро қувват намебахшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *