Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Яке аз терористони маргталаб тоҷик будааст

 Дар натиҷаи амали террористии 24 сентябр 12 тан кушта, 23 каси дигар захмӣ шудааст. Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияи теракти шаҳри Тикрити Ироқро ба зима гирифта, хабар додааст, ки яке аз маргталабон тоҷик буд.

«Давлати исломӣ» аз тоҷики маргталаб Абумуҳаммад Тоҷикӣ ном бурдааст.

Ба иттилои ин гуруҳ, Абумуҳаммад Тоҷикӣ дастгоҳи таркандаро ба кор андохтааст. Баъди он яке аз ҷангҷӯён мошини минкоришударо сӯи назоратгоҳи пулис равона кардааст, ҳамзамон ду маргталаби дигар худро назди ҷамъшавии кормандони пулис таркондаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир бештар аз 1000 шаҳрванди кишвар ба ДИ ва дигар гуруҳҳои террористӣ пайвастаанд ва дар Шарқи Наздик меҷанганд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.