Захмиёни афғонро дар Тоҷикистон муолиҷа мекунанд

Ҳафт тан аз захмиёни нерӯҳои давлатии Афғонистон барои муолиҷа ба бемористони марказии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон интиқол дода шудаанд. Дар ҳоли ҳозир даргириҳо миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон барои бозпасгирии маркази вулусволӣ ё ноҳияи Зебоки Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Ишкошими Тоҷикистон, ба шиддат идома дорад.

Парвиз Бораков, сартабиби беморхонаи марказии Ишкошим гуфтааст, ин захмиёни нерӯҳои пулиси Афғонистон авохири ҳафтаи гузашта ва дар оғози ҳафтаи ҷорӣ, ба бемористони онҳо оварда шуданд. Ӯ дар мавриди вазъияти онҳо гуфтааст:

“Як нафарашон дар ҳолати шок буд ва фавтид. Дигарҳоро амалиёт карда истодаем. Амалиёти 2 нафари онҳо анҷом шуд ва ҳоло хубанд. Онҳо аз қисмати ҷигару гурда захмӣ шудаанд. Як тани онҳоро қарор аст ба беморхонаи шаҳри Хоруғ бубарем. Дар косахонаи сараш тир дармондааст». Ин масъули беморхонаи Ишкошим афзуд, ки рӯзи 29-уми уми апрел яке аз ин захмиён, ки аз мавзеи зери камараш захмӣ шуда буд, даргузашт ва ба Афғонистон интиқол дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *