Занҳои мурдаро шатта назанед, Аҳмадзода!

Кайҳост, ки мехостам сари ин мавзӯъ нависам, вале ҳеҷ фурсат даст намедод. Мақолаи журналисти машҳур Абдумуддассир Аҳмадзода «Модари марг 4 тифлро ба дарё андохт, оё ҷанозаи ӯ дуруст аст?», ки дар  ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дарҷ гашта буд, маро маҷбур намуд ба ин ҳамқалами гиромӣ ва ҳамзамон ба дигар афроде, ки ҳамеша санги маломатро ба сари зан мезананд, посух бигӯям.

Рӯзи 5-уми феврал дар шаҳри Норак ҳодисаи мудҳиш рӯй дод-ҷавонзани 25- солаи тоҷик Зуҳро Маҳмуродова худро ҳамроҳи 4 фарзанди ноболиғаш Хадичаю Кибриё ва Рафоату Мағфират ба дарё андохта, аз ҳаёт маҳрум намуд. Ин сеюмин фоҷиаи нангин дар давоми як соли охир аст. Пештар Парвина Абдуллоева бо се ва Саломат Пирова бо ду фарзанд бо мақсади худкушӣ худро ба дарё афканда буданд, вале кӯдакони ноболиғ дар байни амвоҷи хуношоми дарё ҷони ширинашонро ба ҷонофарин супурданду модарон саломат монда, ба курсии ҷавобгарӣ нишастанд.

Албатта, модареро, ки қасди ҷони фарзандонаш намудааст, ба ҳеҷ ваҷҳ сафед карда намешавад, вале як суол маро ором намегузорад: ин занҳоро кӣ ё чӣ аз бахшандаи ҳаёт ба қотил мубаддал гардонд?

Маъмулан, вақте гап дар бораи чунин ҳодисаҳои гӯшхарош меравад, аз кӯдаки 7- сола сар карда, то пири 70- сола ҳама санги маломатро ба сари зан мезананд. Саҳифаҳои рӯзномаю ҳафтаномаҳо пур аз мақолаҳои ҳангомавӣ аз силсилаи «Модари қотил», «Модари фарзандкуш», «Фариштаи марг» ва ғайра гашта, ҳама занро маҳкум менамоянд, вале касе  намепурсад, ки чаро ин зан даст ба чунин амали мудҳиш задааст. Шеру паланг, шағолу рӯбоҳ ҳайвонанд, ақл надоранд, вале ҳатто ҳамин даррандагон низ қасди ҷони худу фарзандашонро намекунанд, пас чаро инсоне, ки Худованд ӯро бар ҳама офаридаҳои дигараш бартарӣ дода, соҳиби ақлу фаросат гардонидааст, дидаву дониста, худро ҳамроҳи бачаҳояш, ки як пораи ҷони ӯ ҳастанд, ба дарё меандозад, то аз зиндагӣ, ки беҳтарин ва ширинтарин неъмати атокардаи Офаридгор аст, халос шавад? Ин суолест, ки ҳар кадоми мо, носеҳон бояд ба худ дода, посухашро ҷӯё шавем.

Тарбият бо зарби мушту лагад

Решаи аксари чунин ҳодисаҳои нохуш дар зӯроварии хонаводагист. Вақте падар ба сари духтар мушт мебардорад, ҳама атрофиён бо як овоз мегӯянд: «Хайр чӣ, падараш задааст?! Падар аст, ҳақ дорад, ки фарзандашро «тарбият» кунад”. Барои исботи гуфтаҳоям як мисоли одӣ меорам. Соли гузашта шавҳари дугонаам Гулҷаҳон аз Русия баргашту ба духтарчаи 13- солааш Дилором гуфтам: «Дадаат омад, акнун роҳат мекунед, Дилҷон….» Духтарак оҳи сарде кашида ғурунгид: «Эй холаҷон, бе дадагиамон хубтар буд!» Ҳисси кунҷкобим боло гирифту сабаби «беҳтар будани бе дадагӣ»-ро аз Дилором пурсидам. Маълум шуд, ки падараш ҳамеша онҳоро ба таври худ «тарбият» карданӣ шуда, мезадааст. Вақте сари ин мавзӯъ бо дугонаам суҳбат кардам, Гулҷаҳон бепарвоёна даст афшонда гуфт: « Хуб мекунад, ки мезанад, инҳо духтаранд, агар падарашон онҳоро назанад, аз худ рафта, бадахлоқ шуданашон мумкин аст!». Ёбеду гиред!

Тарбият бо зарби мушту лагад танҳо ба шавҳари Гулҷаҳон хос нест, садҳо, шояд ҳазорон мардон  имрӯзҳо занону духтаронашонро бо ҳамин усул тарбият менамоянд. Пеш аз тӯй аз падару бародаронаш шатта мехӯрад, баъди хонадоршавӣ шавҳараш ӯро лагадкӯб мекунад, аз модаршӯю падаршӯяш таънаю маломат мешунавад, аз хоҳару бародарони ҳамсараш суханони нешдор мешунавад, вале «сари кафида зери тоқию дасти шикаста зери остин»-гӯён зан сир пинҳон мекунад. Қонун дифои ҳуқуқҳои тамоми шаҳрвандонро новобаста ба ҷинсияташон кафолат додааст. Дар ҷумҳуриамон мақомоти милиса, суд, прокуратура, Кумитаи кор бо занон ва оила, Лигаи занҳои ҳуқуқшинос, Фонди Канадагии ташаббуси маҳаллӣ  ва даҳҳо ташкилотҳои дигаре ҳастанд, ки метавонанд аз ҳуқуқҳои занҳои бо зӯроварӣ мувоҷеҳгашта ҳимоят намоянд, вале кам андар кам бонувон ба ин идораҳо муроҷиат менамоянд, зеро духтарони моро аз кӯдаки чунин тарбият менамоянд, ки зан набояд сирри оилаашро барорад.

Ғам дар дилу нам дар чашм

Одатан заноне, ки зери шиканҷаи шавҳар ва аҳли оила мемонанд, ҳамрозу ҳамдаме намеёбанд, ки дарди дилашон бигӯянд. Ба хусуру хушдоман шикоят карда намешавад, зеро аздусар тарафи фарзанди худашонро мегиранд, ба падару модари худаш шиква кунад, дар ҷавоб «ту тоқӣ нестӣ, ки ҳар рӯз дар сари як мард монем, зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад, тоқат кун, духтарам» мегӯянд, ба ҳамсоя бигӯяд, ба ҳолаш механдад ё дар ҳама ҷо овоза мекунаду ҳоли ҷавонзани бечора боз ҳам бадтар мешавад. Илоҷи дигар наёфта зани зулмдида ночор ғам дар дилу нам дар чашм муҳри хомӯшӣ бар лаб зада, ба ҳама ҷабру ҷафои шавҳар, хусуру хушдоман ва хоҳаршӯю додаршӯйҳояш тоқат мекунад. Тоқат мекунад, то он рӯзи шуме, ки косаи сабраш лабрез гашта, даст ба худкушӣ мезанад ё то он рӯзи наҳсе, ки шавҳараш ӯро  бераҳмона ба қатл мерасонад. Бале, ҳайрон нашавед, чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Занро зан, намурад бо табар зан!

«Занро зан, намурад бо табар зан» -яке аз мақолҳои бисёр бади тоҷикона аст, ки пештар танҳо ҳамчун як шӯхӣ ба забон меоварданд, вале бадбахтона солҳои охир иддае аз мардони мо аз рӯйи он амал намуда, ҳамсар, духтари дӯстдошта, ҳамкор, модар, хоҳар ва дигар занони нисбат ба худашон аз нигоҳи ҷисмонӣ камқувваттарро бо зарби корд, табар ва дигар яроқҳо аз ҳаёт маҳрум намуданд.

Соли 2015 дар кишвари мо «Соли оила» эълон шуда буд ва мебоист занонро дар ин сол тоҷи сар намоем, вале бадбахтона дар “Соли оила” занҳои зиёде аз ҷониби мардон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Моҳи марти соли 2015 дар арафаи ҷашни Наврӯз, дар Афғонистон бо балвои як идда рӯҳониён Фархунда ном духтараки бегуноҳе аз ҷониби як тӯда мардон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. Афғонистон як кишвари дар хун ғарқест, ки қариб 40 сол боз даҳшати ҷанг фазои онро тарк намесозад. Маъмулан сокинони мамолики ҷангзада тарсу мешаванд, вале марги Фархунда ҷомеаи Афғонистонро сар то сар ба по хезонд. Шоирон, нависандагон, журналистон, хулоса зиёиёни тоҷик аз ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо мондан нахоста, дар марги Фархунда саҳифа-саҳифа марсияву фиғонномаҳо навишта, ба қотилони ин духтараки бегуноҳ лаънат хонданд, вале…

Ҳамагӣ баъди ду моҳи ин ҳодиса хабари куштори ваҳшиёнаи ду зан дар шаҳри Турсунзода паҳн гашт. Муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонии №7-и шаҳри Турсунзода Юлдош Айматов директори ҳамин мактаб Дилором Юлдошева ва хоҳараш Гулнора Юлдошеваро дар рӯзи равшан дар пеши назари толибилмон ва омӯзгор бо зарбаҳои пай дар пайи корд ваҳшиёна ба қатл расонид. Пас аз ин занкушӣ ба қавле «мӯд» шуда монд. Санаи 11 июн Аҳдия Пирова, сокини 17- солаи деҳаи «Тиллои сафед»-и Ваҳдат қурбони теғи Маҷнуни сонӣ гашт. Ҳамдеҳааш Раҷабмурод Аҳдияи нокомро барои он ки хостгории ӯро қабул накардааст, субҳи содиқ, ҳангоми ба мактаб рафтанаш 38 корд зад. Ҳанӯз мардум аз даҳшати ин ҳодиса ба худ наомада, боз як марди дигар вазифаи Азроилро бар души худ гирифт: сокини деҳаи Лангари Поёни ноҳияи Ҳисор Сайдалӣ ҳамсараш Фарзонаи 22- соларо дар боғи падараш ваҳшиёна беш аз 40 корд зада кушт. Занкушию духтаркушӣ аз Турсунзодаю Ваҳдату Ҳисор ба Хатлону Суғд ҳам доман паҳн кард ва Гулпарии ҳомиладор рӯзи 8-уми июл дар макони зисташ, деҳаи Фирӯзи Ҷамоати деҳоти 20- солагии истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Фархор аз дасти шавҳари бадрашкаш Сафар ин дунёро падруд гуфт, баъдан сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Низораро шавҳараш Насим бо ду тир ба замин парчин кард. Ин рӯйхати қотилу мақтулонро метавон идома дод, вале мо бо ҳамин истисно мекунем,  зеро мақсад чизи дигар аст-зиёиёни инсонпарвари мо, ки дар марги Фархундаи афғон саҳифа- саҳифа марсияву достон суруда буданд, дар сӯги ин занону духтарони бегуноҳи тоҷик на як мисра шеър гуфтанду на як ҳарфи тасаллиятро ба падару модар ва аҳли оилаи онҳо ба забон оварданд, ҳатто раиси ҳамонвақтаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Мағфират Хидирзода, ки тариқи оинаи нилгун қотилони афғондухтарро маҳкум карда буд, дар бораи кушторҳои ваҳшиёнаи занони тоҷик даҳон накушод. Магар ҷони духтари афғон ҷону ҷони занҳои қурбони теғи ҷонкоҳ ва тиру табар гаштаи тоҷик риштаи яксума буд, ки аз канда шуданаш касе озурда нагашт?! Шояд бисёриҳо иддао намоянд, ки қотилон ҷазо гирифтанд-ку! Бале, қотилон ҷазо гирифтанд, вале ин фоҷиаҳоро пешгирӣ намудан имконпазир буд, агар ҷомеа бо сар задани аввалин куштори зан нисбати ин масъала бетарафӣ зоҳир намекард. Дар ҳар як ноҳия ҳукуматҳои маҳаллӣ, раисони ҷамоату раисони маҳалла, намояндагии кумитаи кор ба занон ва оила, боз садҳо курснишину маошхӯрони дигар ҳастанд, ки вазифаи аввалиндараҷаашон дифоъ намудан аз ҳуқуқҳои сокинони ҳамон маҳал мебошад.  Ҳамин ки аз хонае дуд баромад, онҳо намоишкорона папка дар даст пайдо шуда, назорат мебаранд, ки соҳибхона чанд дег ош мемонаду чанд меҳмон даъват кардааст. Баъзеҳоро ҷарима мекунанд, аз баъзеи дигар “чойпулӣ” гирифта мераванд. Назорат кардани рафти иҷрои қонунҳои давлат дар боби танзими расму оин, албатта, хуб аст, вале чаро вақте марде занашро мурданивор мезанад, ин папкадорон аз дарвозааш даромада намегӯянд, ки ҳой мардак, задани зан ҷиноят аст ва ту барои ин корат чанд соли умратро дар паси панҷара мегузаронӣ. Магар вазифаи ин курсинишинон танҳо ҳисоб кардани дегҳои оши мардум аст?

Замони шӯравӣ, агар марде ҷониби як зан ё духтар каҷ менигарист, ҳар як роҳгузар аз он зан ё духтари ношинос пуштибонӣ карда, он марди бефаросатро маломат мекард, ҳайфи ту мегуфт, зарур ояд, муште ба даҳонаш мекӯфт, имрӯз чӣ? Имрӯз мо ҳама масали “туро газад, маро чӣ ғам?”-ро  сармашқи зиндагии хеш қарор додаем. Вақте ҳамсоя ҳамсарашро мезанад, ман дарамро маҳкам мекунам, ту даратро маҳкам мекунӣ, ҳамсояҳои сеюмиву чорумӣ дарашонро маҳкам мекунанд, ягон кас намехоҳад дахолат намояд. Маҳз ҳамин бетарафии мо боиси он мегардад, ки занро мезананд, таҳқир мекунанд, озор медиҳанд, мекушанд ё худи зан аз ҷонаш сер шуда, худро ҳамроҳи фарзандонаш ба дарё мепартояд, оташ мезанад, ба дор меовезад. Бепарвоии мо, атрофиён аллакай боиси марги чандин занони дар чорсӯйи зиндагӣ танҳову зору ҳайрон монда гашт, аз ин рӯ бояд иллати бетарафию бепарвоиро решакан созем. Вақти он расидааст, ки ба ҷойи талқин намудани масалҳои кӯҳнашудаи «Сари кафида зери тоқӣ» ва «Нони шавҳар арра дорад, арраи шашпара дорад» ба духтаронамон дифоъ намудан аз ҳуқуқҳои худро талқин намоем. Бигзор духтарон аз кӯдакӣ бидонанд, ки касе — на падар, на бародар, на шавҳар ва на ягон каси дигар ҳақ надорад ба сари зан даст бардорад, ӯро таҳқир кунад, дашному ҳақорат диҳад, занад ё зарари ҷисмонӣ расонад. Бигзор бидонанд, ки эҳтиром намудани падар, модар, шавҳар, хусуру хушдоман фарз аст, вале на бо баҳои ҷони ҷавони худ.

Охирҳои солҳои 80-уми қарни гузашта Иброҳим Усмонов дар телевизион  барномае доштанд бо номи “Муҳаббат ва оила”. Дар ин барнома дар мавзуи худкушии занону духтарон тадқиқоти журналистӣ бурда, сабаб ва омилҳои асосии сар задани чунин ҳодисаҳои нохушро тариқи телевизон басо коршиносона баррасӣ менамуданд. Бо шарофати ҳамин барнома худкушии занону духтарон натанҳо кам шуд, балки қариб тамоман аз байн рафта буд. Телевизион яке аз пурқувваттарин дастгоҳҳои иттилоотӣ ба шумор меравад, аз ин рӯ беҳтар мебуд, ки шабакаҳои телевизионии мо ба ҷойи намоиш додани чӣ тавр ҷарима кардани ин ё он шаҳрванд барои гузаронидани чойгаштак ё рӯзи таваллуди фарзандаш дар бораи сабабҳои худкушии занон ва дигар масоили доғи хонаводагӣ барномаҳои таҳлилӣ таҳия намоянд.

Мурдаро шатта назанед!

Абдумудассир Аҳмадзода дар мақолааш «Модари марг 4 тифлро ба дарё андохт, оё ҷанозаи ӯ дуруст аст?» рафтори Зуҳро Маҳмуродова, сокини 25- солаи Норакро, ки худро ҳамроҳи 4 фарзандаш ба дарё партофта куштааст, маҳкум намуда менависад: «Ягона роҳи аз байн бурдани падидаи худкушию фарзандкушӣ, ин ҷазо додан ба гунаҳкор аст, хоҳ мурда бошаду хоҳ зинда…агар муллоҳои мо, гуфтаи шариатро дар мавриди ҷаноза накардани худкуш ва берун аз қабристон гӯронданаш иҷро мекарданд, он гоҳ дар ҷомеаи суннатии мо таконе ба амал меомад ва Модари марг қалб аз он ки чунин тасмими бераҳмонаро нисбат ба фарзандонаш ё худаш бигирад, сад бор андеша мекард…»

Ин пешниҳоди журналист масали «Болои мурда сад чӯб»-ро ба ёд меорад. Ҳамқалами мо шояд ба хотири ҷилавгирӣ аз худкушӣ чунин пешниҳод карда бошад, вале тарафи дигари масъаларо андеша накардааст, ки ягон кас аз хушӣ қасди ҷони худ намекунад. Зане, ки худу фарзандонашро ба дарё андохтааст, яқин касе дар ҳамин дунё зиндагии ӯро ба дӯзах табдил дода буд, ки ҷонбезор шуда, ба чунин амал даст задааст.  Дар ин ҳолат ҷаноза накардани фавтида бераҳмӣ хоҳад буд. Ба ҷойи он ки гунаҳкорони марги ин зан ва даҳҳо занони дигари даст ба худкушӣ задаро биҷӯем, мо пешниҳод мекунем, ки худкушикардаро ҷаноза накунанд, берун аз гӯристон гӯронанд, хулоса занро баъди мурданаш ҳам ором нагузошта, бераҳмона ҷазо медиҳем.

Ҳамкасби азизи мо, Аҳмадзода донандаи хуби илми шариат ҳастанд ва дар такя ба шариати ислом чунин пешниҳод кардаанд, аз ин хотир ман ба эшон як савол дорам:

Риоя намудани талаботи шариат барои ҳар як мусалмон фарз аст, ҳамин тавр не? Агар чунин бошад, пас чаро вақте як зан тифли беникоҳ ба дунё меорад, ҳама фарзандашро ҳаромию худи ӯро фоҳиша гӯён маломат мекунанду касе ба сӯйи марде, ки дар ин «ҷинояти ахлоқӣ» шарик, балки гунаҳкори асосӣ ва падари он тифли «ҳаромӣ» аст, санги маломат намепартояд? Чаро касе бо ангушт ба сӯйи он мард ишора карда «ҳаромхиштак» намегӯяд? Дар куҷои Куръон навишта шудааст, ки зино барои зан гуноҳу барои мард ифтихор аст?  Чаро шумо пешниҳод намекунед, ки мардони зинокорро бе ҷаноза ва берун аз қабристон гӯронанд, чунки онҳо оромгоҳро бо вуҷуди нопокашон ҳаром мекунанд?  Боварӣ дорам, ки мегӯед, агар чунин шавад, ҷасади нисфи мардон аз гӯристон берун мемонад. Ҳамин тавр не, ҳамкасби азиз?!

Фирӯза Сатторӣ,

сармуҳаррири ҳафтаномаи “Оила”  

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.